Модари коргар ва тарбияи фарзанд-2

Дар баробари калон шудани фарзанд шавқу ҳавасҳояш низ тағйир меёбанд. Бахусус шавқи ҳамроҳ бо волидайн бозӣ кардан дар ин марҳила нақши муҳимро мебозад. Равоншиносон ба падару модар тавсия медиҳанд, ки дар ин марҳилаи рушду инкишофи фарзанд бо ӯ вақти бештар гузаронанд. Азбаски фарзанд волидайни коргарашро рӯзона дида наметавонад, падару модар вақти бештари бегоҳирӯзиро барои фарзанд ҷудо намоянд. Вагарна адами шавқат ва ғамхорӣ барои зуҳури мушкилиҳои равонӣ дар оянда замина гузошта метавонад. Мехостем бинобар аҳамияти мавзӯъ мисол орем:

Парвина хонандаи синфи 1-и мактаби миёна аст. Ҳар пагоҳӣ волидайн ӯро ба мактаб гусел мекунанд. Нисфирӯзӣ соатҳои дарсӣ дар мактаб тамом мешаванду Парвина ба хонаи модаркалонаш, ки ба мактаб наздик аст, меравад. Он ҷо хӯроки нисфирӯзияшро тановул карда, каме истироҳат мекунад. Баъдан бо модаркалонаш дар бораи дарсу ҳаёти мактабияш каме суҳбат мекунад. Ҳамин тавр вақт бегоҳ ҳам мешавад. Ҳарчанд Парвина дар хонаи модаркалонаш роҳату боҳузур аст, вале доим дар пазмони соатҳои дидор бо падару модараш мешавад. Волидайни Парвина баъд аз кор омада ӯро аз хонаи модаркалонаш мегиранду ба хонаи худ бармегарданд. Дар хона Парвина бесаброна мехоҳад ба модараш имрӯз дар мактаб чиҳо шуд қисса кунад. Вале модар ӯро “Парвина, ман баъд аз кор бисёр хаста шудам, ба назди падарат рав. Бояд ҳарчӣ тезтар хӯроки шомро омода кунам!” гӯён ба назди падараш мефиристад. Парвина дилозурда шуда, ба назди падараш меравад. Падар рӯ ба рӯи телевизор нишаста, нимхобу нимбедор ахбори рӯзро тамошо мекунад. Ин навбат Парвина бо шавқу ҳаяҷони зиёд ба падараш рӯзи аз сар гузаронидаро қисса мекунад. Падараш бошад диққат ба телевизор дода, ба саволҳову қиссаҳои духтараш танҳо посухҳои кӯтоҳ дода, ӯро “гӯш мекунад”. Ҳама хӯроки шомро мехӯранду Парвинаро барои дарстайёркунӣ ба ҳуҷрааш мефиристанд. Ҳамин тавр Парвинаи аллакай хастаҳол дарсҳояшро тайёр карда, ба рахти хобаш медарояд, зеро фардо бояд пагоҳӣ барвақт хеста боз ба мактаб равад.

Чӣ тавр дар ин мисол дида мешавад, волидайн ба фарзандашон вақти лозимаро ҷудо накарда, дар талоши “гурез” аз ӯ ҳастанд. Бешубҳа ҳамагон изи ин мисоли ҳаётиро дар муносибати хеш бо фарзандашон пай бурда метавонанд.

Яке аз нуқтаҳои муҳим ин нақши падар дар оилаи модари коргар аст. Дар оилае, ки модар ҳам кор мекунад, падари хона бояд ба корҳои рӯзгору хона ба ҳамсараш кӯмак кунад. Тарбияи кӯдак ва корҳои хонаро танҳо ба дӯши модар ҳамл кардан ноҳаққӣ аст ва ҳатто рафтори мардона ҳам буда наметавонад. Дар чунин оила вазифаҳо бояд миёни волидайн тақсим карда шаванд. Ҳамин тавр низоми оиладорӣ боз ҳам беҳтар дар самти ҳузур ва созандагӣ шакл хоҳад гирифт.

Волидайни коргар бояд дар ёд доранд, ки аз муддати вақт дида, сифати вақти бо кӯдак мегузаронида муҳимтар аст. Зеро аксар модароне ҳастанд, ки хонашин буда, бо кӯдак вақти зиёд мегузаронанд, вале доир ба чӣ гуна ин вақтро метавон босамартару барои фарзанд муфидтар истифода кард, фаҳмише надоранд. Илова ба ин модарони зиёди коргар ҳам мавҷуданд, ки танҳо 30-45 дақиқа бо фарзанд вақт гузаронида, дар тарбия ва ташаккули шахсияти ӯ саҳми зиёд мегузоранд.

Аз ин рӯ ҳар волидайнро лозим меояд, ки оиди оиладорӣ ва тарбияи кӯдак адабиёти лозимаро варақ зада, бо коршиносону ашхоси босалоҳият машварат кунанд. Зеро насли оянда тақдири ояндаи миллат аст.

–таҳияи Садбарги Ҳаким

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s