Ҳаёти созанда аз нақшаи рӯз оғоз меёбад

Китоб: “Цельная жизнь. Ключевые навыки для достижения ваших целей”

Муаллиф: Джек Кэнфилд, Марк Виктор ва Лес Хьюитт

Нашриёт: Манн, Иванов и Фербер, соли 2013

Теъдоди саҳифа: 264

Забони китоб: русӣ


Агар Шумо тӯли сӣ сол якранг зиндагӣ намуда, аллакай соҳиби як қатор одатҳое гашта бошеду акнун ба қароре расидед, ки дарҳол худро иваз мекунед, ин ғайриимкон аст. Зеро навоварӣ вақт талаб мекунад.

Яке аз мушкилоти фарди муосири ҷомеа ин танзими вақт аст. Сабаби ба миён омадани ин мушкил беҳадаф зиндагӣ кардани инсон мебошад. Инсон набояд фоиданок истифода бурдани вақтро сарфи назар кунаду фурсатҳои нав ба навро ҳадар кунад. Танзими вақт ва бинобар нақшаи муайяни созанда зистан боиси ба танзим даромадани ҳаёти оилавӣ, комёбиҳо дар касбу кор, боз ҳам беҳтар намудани робита ва муносибатҳои одамиро ба бор меорад.

Ин навбат асареро мехоҳем манзури хонандагон гардонем, ки мехоҳанд ҳаёти хешро ба низом дароварда соҳиби ҳадафҳои созанда гарданд. Китоби дастаҷамъии Джек Кэнфилд, Марк Виктор, Лес Хьюитт бо номи “Цельная жизнь. Ключевые навыки для достижения ваших целей” маҳз барои нафарони соҳибирода ва муваффақ нашр гаштааст. Муҳтавои асар иборат аз 10-то “Стратегия”-ҳои муассир буда, тамоми ҷанбаҳои ҳаётии шахсро дарбар мегирад. Муаллифони асар танҳо бо тавсияву нақшаҳои созанда иктифо накарда, ҳамчунин роҳҳои муваффақи амалисозиро нишон медиҳанд. Ҳамчунин “Стратегия”-ҳо бо мислоҳо аз ҳаёти ашхоси воқеие, ки бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд, тақвият дода шудааст.

Барои мисол метавон аз низоми “B-Alert” мисол овард:

Низоми “B-Alert” усули осони худсанҷиест, ки барои иҷрои кору машғулиятҳои муҳим дар давоми рӯз кӯмак мекунад. Мафҳуми “B-Alert” шакли ихтисоршудаи  калимаҳои зайл аст:

B (blueprint) – нақша: Ин нақшаи стратегии рӯзмарра аст. Дар он кору машғулиятҳо бинобар аҳамиятнокӣ ба аввалиндараҷа, дуюмдараҷа ва ғайра тақсим мешаванд. Ҳар субҳ ва ё охири рӯзи корӣ натиҷаи иҷроиши корҳои ба нақша гирифташуда тафтиш карда мешаванд.

A (action) – амал: Бояд болои кору машғулиятҳои аввалиндараҷа мутамарказ шуда, онҳоро дарҳол амалӣ кард. Бахусус корҳоеро бояд ба анҷом расонид, ки шуморо миёни ду моҳ ба ҳадафи гузошташуда наздиктар мекунад.

L (learning) – омӯзиш: Тариқи китобхонии мунтазам, гӯш кардани китобҳои савтӣ, иштирок дар суҳбатҳову конфронсҳои ихтисосӣ, тамошои наворҳои омӯзишӣ, суҳбат бо аҳли кор ва ғайра роҳҳои худинкишофдиҳӣ ҷаҳонбиниятонро васеътар кунед.

E (exercise) – тамрин: Ба таври мунтазам ҳар рӯз 30 дақиқа барои тамрину машқҳои ҷисмонӣ вақт ҷудо кунед.

R (relax) – истироҳат: Хастагиро бароред. Дар давоми рӯз вақт пайдо карда, истироҳат намоед. Бегоҳирӯзӣ ва охирҳои ҳафтаро ҳатман ҳамроҳи оила гузаронед.

T (think) – тафаккур: Дар давоми рӯз ҳатман вақт ёфта дар бораи нақшаҳои гузошташуда ва ҳадафҳои ҳаётӣ фикр кунед. Орзуву хаёлҳоятонро ба ёд оварда, мақсад аз зиндагӣ карданро ба худ ёдрас шавед. Ҳамаи инро болои коғазе навишта, даме тафаккур кунед.

Муваффақ бошед!

9 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s