Усули ғайриоддии муаллима

Мактаб муқаддастарин макон, сарчашмаи дарёи ақл, махзани илму дониш ва даргоҳи илму адаб аст. Вале новобаста ба тамоми ин сифатҳои волои даргоҳи илму адаб, одатан хонандагонро барои дарсомӯзӣ ташвиқ кардан мушкил аст. Бахусус дар асри технологӣ танҳо бо бӯру тахтаи синф ҷалб кардани диққати хонандагон ба таълим то рафт мушкилтар мешавад. Вале муаллимае аз Аргентина тавонист ин мушкилиро ба таври бағоят ғайриоддӣ ҳал кунад. Ӯ ба мизи мактабӣ ҳамроҳи хонадагон сагро шинонд. Хос ҳамин амали муаллима боиси боз ҳам тамаркуз гардидани толибилмон ба дарс шуд.

Саге бо лақаби Хушбахтак тез-тез дар саҳни мактаб пайдо шуда, ҳамроҳи хонандагон бозӣ мекард. Муаллима мушоҳида кард, ки дар вақти танаффус толибилмон ҷангҳояшонро фаромӯш карда, дигар кору машғулиятҳояшонро ба як сӯ гузошта, ҳамроҳи Хушбахтак бозӣ мекунанд. Он гоҳ муаллима қарор гирифт, ки сагро ба синф орад, то бубинад, ки таассури толибилмон чӣ гуна хоҳад буд.

Маълум шуд, ки иштироки саг дар раванди дарс таъсири мусбат расонида, ҳатто хонандагонеро, ки одатан диққаташон парешону дарсхонияшон заиф буд, барои ширкати фаъолона водор кард. Талабагон дар дарс бештар фаъол шуда, диққаташонро ба дарс бештар медоданд. Ва бо майлу рағбати зиёд ба дарсҳо тайёрӣ дида, ба сволҳои муаллима фаъолона ҷавоб мегуфтанд. Акнун бачаҳо бо хурсандӣ ба дарсҳо ҳозир мешуданд ва барои ҳар кори ночиз миёни ҳам муноқиша намекарданд.

Муаллим пеш аз ҳама инсони соҳибкамол мебошад, ки кори таълиму тарбияро аз рӯи талабот бо истифодаи методҳои гуногун пеш мебарад ва ба хонандагон дониш, маҳорат ва малака медиҳад. Пешрафти шогирд дар раванди таълиму тарбия ба муаллим вобастагӣ дорад.

Шояд, ба ҳар як коллектив чунин Хушбахтак лозим аст. Ҳадди ақал барои як рӯз!

– таҳияи Шомаҳмадова Ситора

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s