Инсон аз рӯзи аввали таваллудаш дар талоши сайқалдиҳиву такмили қобилиятҳои хеш аст. Бинобар ин якқатро қобилият ва малакаҳои фитрие, ки аз рӯзи аввали таваллуд дар шахс мавҷуданд, бо таъсир ва ташвиқи муҳит босуръат инкишоф меёбанд. Чунин инкишофёбӣ вобаста ба синну сол, қобилият, заковат, моторика, забон, арзишҳои милливу таъсирҳои муҳити фарҳангӣ дар ҳар нафар боиси такмилёбии гуногун мегардад. Ин зайл такмилёбӣ дар овони кӯдакӣ босуръат давом медиҳад, вале баъдан дар тӯли ҳаёт суръати мазкур коҳиш меёбад. Аз ин рӯ бинобар марҳилаи ҳаётӣ ва рушди солими ҳар нафар таъсири як қатор соиқҳои лозима заминаи ташаккули фарди ҷомеаро мегузоранд.
Яке аз чунин соиқҳои асосӣ муҳит ва афроди оила мебошад. Бахусус модар, ки дар тарбияи кӯдак нақши муҳимро мебозад, ба рафтор, гуфтор, рушду инкишофи ӯ таъсиргузор мешавад. Бинобар ин баъзе аз модарон ба фарзандашон аз ҳад зиёд таваҷҷуҳ зоҳир карда, боиси эрка калон шудани онҳо мегарданд. Равоншиносон чунин рафтори ба дараҷаи ифрот будаи модарро бо рафтори модаре, ки тамоман бо тарбияи фарзандаш таваҷҷуҳ изҳор намекунад, дар як радиф мегузоранд. Чунин изҳори таваҷҷуҳи волидайн метавонад бинобар синну соли кӯдак монеа барои рушди солими ӯ гардад. Зеро малакаҳои ақливу ҷисмонии чунин кӯдакон одатан нисбат ба ҳамсолонашон ноқис мемонад.
Волидайн дар раванди таваҷҷуҳи аз ҳад зиёд кӯшиш мекунанд, ки ба ҷойи кӯдак тамоми кору амалҳоро иҷро кунанд. Қошуқро ба дасти худ гирифта ӯро мехӯронанд; банди пойафзолашро ба ҷойи ӯ баста медиҳанд; либосҳояшро мепӯшонанд ва ғайра рафтору амалҳоеро ба ҷой меоранд, ки барои ҳамчун шахси мустақил ба воя расидани кӯдак монеа мешавад. Ин кӯдак дар оянда низ ба “даҳон”-и падару модараш нигоҳ карда, интизор мешавад, ки онҳо ба ҷойи вай фикр карда қарор диҳанд. Ҳарчанд волидайн чунин рафторашонро бо ғамхориву меҳрубонӣ шарҳ медиҳанд, вале фарзанди эрка дар тӯли ҳаёт ҳам худаш душворӣ мекашад ва ҳам боиси мушкилоти зиёд барои волидайнаш гардида метавонад.
– таҳияи Садбарги Ҳаким
4 Comments Add yours