Ғизоҳое, ки бо ҳам истеъмол намудани онҳо муфидтар аст

Дар алоҳидагӣ истеъмоли мева, сабзавот ва маҳсулот хуб аст, вале ҳангоми якҷоя истеъмол намудани онҳо, имконият медиҳад, ки қувваи ғизоияшон барои инсон бештар гардида, барои саломатӣ фоидаи зиёдтар расонанд.

Себ ва шоколади сиёҳ

%d0%b0%d0%bf%d0%bf%d0%bb

Ҳарчанд ин таркибро маъмулӣ гуфтан душвор аст, вале месазад онро бисанҷем. Зеро ферментҳои катехин, ки дар таркиби себ мавҷуд аст, ҳамроҳ бо антиоксиданти квертсетин муъҷизаофаранд. Онҳо масуниятро мустаҳкам, кори майнаи сарро фаъол карда, кори дилу рагҳоро беҳтар мекунанд ва хатарҳои бемориҳои саратонро коҳиш медиҳанд.

Шавлаи ҳуртумонӣ ва шарбати тозаи афлесун

2-%d0%b0%d0%bf%d0%b5%d0%bb%d1%81

Шавлаи ҳуртумонӣ (овсянка) ва шарбати тозаи афлесун манбаи олии фенолҳо мебошанд. Онҳо кори системаи ҳозимаро беҳтар намуда, ҷуруф ва токсинҳоро аз бадан тоза мекунанд.

Помидор ва ҷигар

3-%d0%bf%d0%be%d0%bc

Норасоии оҳан дар бадан метавонад боиси ба беқарорӣ, хастагии музмин, коҳиши гардиши моддаҳо (метаболизма) ва мушкилиҳои марбут ва дилу рагҳо гардад. Вале оҳане, ки дар таркиби ҷигар мавҷуд аст, танҳо бо витамин С хубтар ҳазм мешавад ва помидор, ки аз кислотаи аскорбинӣ бой аст, дар ин ҳолат беҳтарин кӯмакрасон маҳсуб аст.

Ҷаъфарӣ ва лиму

4-%d0%bf%d0%b5%d1%82%d1%80

Ҷаъфарӣ бо меваҳои ситрусӣ хеле хуб омезиш меёбад. Оҳане, ки дар ҷаъфарӣ мавҷуд аст, бо витамини С нағзтар ба хун ҷабида мешавад. Вазифаи ин витамини муҳим мустаҳкам намудани масунияти бадан ва таъмини хуби гардиши моддаҳо мебошад.

Сабзавот ва йогурт

5-%d1%81%d0%b0%d0%b1%d0%b7%d0%b0%d0%b2

Йогурти табииеро интихоб намоед, ки бидуни рангкунандаҳо, нигоҳдорандаҳо (консервант) ва ширинкунандаҳои сунъӣ бошад. Йогурти таббиӣ (ҷурғот) бо калсий ғанӣ аст. Калсий кори меъдаро беҳтар ва микрофлораи рӯдаро муътадил месозад. Агар боз ба он сабзӣ ё карафс илова кунем, дар йогурт витаминҳои дигар ҳам зиёд мешаванд. Селулозае, ки дар таркиби сабзавот зиёда аст, ҳазми калсийро дар бадан беҳтар мекунад.

Авокадо ва испаноқ

6-%d0%b0%d0%b2%d0%b0%d0%ba

Омезиши авокадо бо испаноқ миёни диетологҳо машҳур аст. Испаноқ аз витамини А ва лютеин бой аст. Аммо барои бадан муассир буданаш ба равғанҳои гиёҳии муфид, ки дар авокдао мавҷуд аст, ниёз дорад. Ин омезиш ба кори системаи ҳозима таъсири мусбат мерасонад.

Чойи кабуд ва лиму

7-%d1%87%d0%be%d0%b8%cc%86

Чойи кабуд бо лиму ташнагиро шикаста ба мо нерӯ мебахшад. Дар таркиби чойи кабуд моддаи кахетин мавҷуд аст, ки масъули дарозумрӣ ва мустаҳкам намудани масунияти бадан аст. Агар ба чойи кабуд лиму илова намоем, витамини С таъсири онро якчанд маротиба зиёд мекунад.

Помидор ва равғани зайтун

8-%d0%bf%d0%be%d0%bc%d0%be%d0%b8%d0%bb

Омезиши помидор ва равғани зайтун хеле болаззат аст. Ин ҳақиқатро италиявиҳо метавонанд тасдиқ намоянд. Ҳамзамон қайд кардан лозим аст, ки нисабт ба дигарон италиявиҳо хеле нодиртар гирифтори бемориҳои дилу раг мешаванд. Ин бесбаб нест, зеро помидор дар таркиби худ моддаи ликопин дорад, ки кори дилро беҳтар намуда, ба миён омадани атеросклероз ва саратонро пешгирӣ мекунад. Ҳамроҳи равғани зайтун истеъмол намудани помидор таъсири маскурро дучанд мекунад.

Гӯшт ва розмарӣ

9-%d0%b3%d1%83%d1%88%d1%82

Гӯшт манбаи муҳими сафеда аст, вале онро бо усули лозима тайёр кардан лозим аст. Аз нигоҳи диетологҳо гӯшт бояд танҳо тариқи буғдиҳӣ ва ҷӯшонидан омода карда шавад. Агар гӯшт бирён карда шавад ва ё дар тафдон пухта шавад, он боиси ташаккули пайвастагиҳои саратонзо гардад. Ин эҳтимолро метавон бо иловаи растании розмарӣ (розмарин) ба гӯшт бартафар кард.

– таҳияи Достиев Неъмат

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s