Агар кӯдак эрка калон мешуда бошад-2

Вобаста ба синну соли кӯдак мустақилона либос пӯшидан, хӯрок хӯрдан, иҷрои супоришҳои вазифаҳои хонагӣ, ба корҳои хона кӯмак расонидани ӯ барои рушди солим муҳим аст. Вале аксар вақт волидайн ба ин корҳои мустақилонаи фарзандашон беҷо дахолат мекунанд. Бо ин гуна рафтор падару модар садди инкишофи равонӣ ва такмили қобилияту малакаи  фарзандашон мегарданд. Аз ин рӯ волидайнро лозим меояд оқилона рафтор намуда, ба аз ҳад зиёд кӯдаквор рафтор намудани фарзандашон роҳ надиҳанд.

Набояд аз хотир баровард, ки нақши волидай дар тарбияи шахсияти солими фарзанд муҳим аст ва он тарбия бояд бинобар синну соли кӯдак дуруст ба роҳ монда шавад. Ҳарчанд волидайн гумон мекунанд, ки бо дахолати ноҷо ба фарзандашон кӯмак мекунанд, вале чунин “ғамхорӣ” боиси зада гардидани рушди солим мешавад. Бо ин рафтор онҳо дарк ҳам намекунанд, ки баракс “хизмати хирсона”-ро ба ҷой меоранд. Дар қадамҳои аввал кӯдакро кӯмак расонидан муфид хоҳад буд, вале дар марҳалаҳои баъдӣ, бигзор кӯдак мустақилона амал карда, малакаашро такмил диҳад.

Ҳамчунин “мустақилона рафтор намояд” гуфта аз қобилияти бардошти кӯдак бештар вазифа ҳамл кардан ҳам кори оқилона нест. Аз ин рӯ волидайнро лозим меояд, то ки меъёрро риоя намоянд. Он меъёр бояд барои рушду инкишофи маънавӣ-ҷисмонии фарзандашон сабаб гардад. Синну соли кӯдакро ба назар нагирифта вазифа додан ва тамоман вазифа надодан, нишона аз дарки ноқиси тарбияи кӯдак дар волидайн аст. Аз кӯдак интизори рафторҳое, ки ба синну солаш мувофиқ нестанд интизор будан, ғалат аст. Ҳамчунин ба кӯдаквор амал намудани фарзанд, ки ба синну солаш зебанда нест, чашм пӯшидан ҳам ғафлат мебошад.

Тарбия фарзанд санъат аст. Ва ба монанди ҳар риштаи санъат ин вазифаи нозук ҳам риояи меъёрҳоро талаб мекунад. Волидайн ба сони санъаткор дар ҷисму рӯҳи фарзандашон нақш канда, қадам ба қадам ӯро ба авҷи камолоти башарӣ мерасонанд. Фарзандоне, ки эҷодкоранду мустақилона дар ҷодаи ҳаёт қадам мезананд. Насле, ки аз сифатҳои эркагӣ ва батолат орӣ аст. Ҳамин гуна ҳар фарди ҷомеа инкишоф ёфта, боиси ба миён омадани ҷомеаи идеалӣ мегарданд. Ҷомеае, ки тарбиятдиҳандаи он санъаткор ва наққош мебошад.

– таҳияи Садбарги Ҳаким

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s