Ҳайкалтарош

Ҳайкалтароше барои ҳайкали наваш дар ҷӯстуҷӯи мармар буд. Вақто ба назди мармарфурӯш омад, дар боғи ӯ пораи мармареро дид, ки ба як кунҷи танҳоӣ партофта шуда буд. Ҳайкалтарош пораи дар кунҷ хобидаро ишора карда аз мармарфурӯш мепурсад:

– Барои ин пораи мармар чанд пул мехоҳӣ?

– Ройгон аст. Гиру бар!, -ҷавоб дод мармарфурӯш.

Ҳайкалтарош ба ҳайрат афтода, мепурсад:

– Барои чӣ онро ройгон медиҳӣ?

– Азбаски он пораи мармар бадшакл аст, касе онро намехарад. Ва чуноне мебинӣ дар боғам ҷой ишғол карда хоб аст. Агар гирифта барӣ, маро шод мегардонӣ.

Баъд аз гузашти чанд моҳ ҳайкалтарош дар даст бо қуттие ба назди дӯкон омада, онро ба мармарфурӯш медиҳад. Мармарфурӯш қуттиро кушода, аз дарунаш ҳайкалчаи зебо тарошидашударо мебарорад. Дар ҳайрат афтода, ба ҳайкалтарош хитоб мекунад:

– Ин зебоиро бинед! Ба гумонам, барои ин асари бебаҳоят маблағи ҳангуфте талаб мекунӣ? Ва барои чӣ ин ҳайкалчаро ба ман овардаӣ, медонӣ, ки ман мармарфурӯш ҳастаму ҳайкал намефурӯшам.

– На, ҳаргиз! Ман инро ба касе намефурӯшам. Ин барои ту ҳадя аст.

– Ҳадя барои ман мӣ? Барои чӣ?

– Чунки ин мармари ту аст!

– Чӣ тавр?

– Оё дар хотир надорӣ, ки чанд моҳе пеш ба наздат омада пораи мармареро, ки дар як гӯшаи боғат хобида буд, ба ман ҳадя карда будӣ?

– Оббо! Бале, бале! Ана акнун ба хотирам овардам. Ту ҳамон ҳайкалтарош ҳастӣ, -гӯён бо сабаби ҳамон рӯз дар бораи пораи мармар суханҳои ноҷо сарфкардааш хиҷолат кашида, чунин гуфт:

– Худоё, кӣ тасаввур мекард, ки аз он пораи мармари бадшакл чунин асари зебое ба миён меояд!


Ҳайкалтароши маъруф Микеланжело сангу мармарҳоеро интихоб мекард, ки ҳайкалтарошони дигар аз интихоби онҳо ҳазар мекарданд. Ҳамин гуна ӯ аз сангпораи бузурги бадшакл яке аз ҳайкалҳои зеботарину пурэҳтишомтарини рӯи оламро ба миён оварда буд. Он асар ҳайкали Ҳазрати Довуд аст. Аз Микеланжело доим мепурсиданд, чӣ гуна барояш муваффақ шуд, ки ин гуна асари зеборо ба миён оварад? Посухи ҳайкалтароши маъруф касро барои тафаккур даъват мекунад: “Ман дар симои ҳар санг малакеро мушоҳида мекунам. Ва то замони аз дохили санг озод шудани он малак, бо болға сангро мекӯбам”.

Оё баъзан ҳаётамон ҳамчун ҳамон пораи мармари бадшакле, ки дар як кунҷи танҳоӣ партофта шудааст, вонамуд намегардад? Доим аз ину он ҷанбаҳои ҳаётӣ шикоят мекунему барои чӣ зиндагониям бадшакл аст мегӯям. Ҳол он ки танҳо лозим аст, аз мармари ҳаёти хеш қисматҳои зиёдатиро тарошида, ба он шаклу ҳусни дилписандро дода, ба сони асари бебаҳо онро ба миён гузорем. Зеро дар ҳаёти ҳар нафар ҷиҳати неку дилписанде ниҳон аст, ки бо кӯшишу ҷаҳди зиёд онро метавон ҳувайдо намуд.

Ин ҳаёт ҳадяи Офаридгор ба мо аст. Ва асари аз ин ҳаёт тарошидамешуда ҳадяи мо ба Офаридгор хоҳад буд.

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s