Аз мақомат даст кашида, харбонӣ бикун!

Рӯзе Баҳлӯли Доноро ба халифа Ҳорун-ар-Рашид шикоят мекунанд, ки ӯ намозгузориро тарк кардааст. Халифа Ҳорун, ки Баҳлӯлро хуб мешинохт ва халифаро доим талқини роҳи ҳақиқат буд, ба ин сухани мардум бовараш наомад. Дарҳол Баҳлӯлро ба наздаш хонда, амр намуд:

– Баҳлӯл, шунидам, ки тарки намоз кардаӣ. Дарҳол ба масҷид рафта ҳамроҳи ҷамоат намози пешин гузор!

Баҳлӯл амри халифаро ба ҷой оварда, ҳамоно ба масҷиди ҷомеъ рафта таҳорат кард. Ҳамроҳи мардум ба имом иқтидо карду ба намозгузорӣ шурӯ кард. Вале дар рафти намозгузорӣ Баҳлӯл садо баланд карду ба имом хитоб кард:

– Эй имом, ту аз мақоми имомӣ даст кашида, харбонӣ бикун!

Баҳлӯл баъд аз ин суханон намозро ним карда, аз масҷид баромада рафт. Ҷамоат баъд аз адои намоз ба назди халифа Ҳорун омада, воқеаи рӯйдодаро нақлаш карданд. Ҳоруна-ар-Рашид боз Баҳлӯлро ба наздаш хонда, сабаби чунин рафторро пурсон мешавад:

– Баҳлӯл, дар ҳаққат то рафт шикоятҳо зиёд мегарданд. Дар масҷид чӣ шуд, ки ҷамоатро ба ғазаб овардӣ? Ва ҳам намози пешинро ҳам ба итмом нарасонида, аз масҷид баромадаӣ?

– Эй султон! Дуруст аст, ки намозгузориро ним кардам. Ҷамоат ҳам ҳақ аст. Вале, агар сабабшро медонистанд, онҳо низ ҳамин гуна рафтор мекраданд. Имоми масҷид пеш аз намози пешин ҳамроҳи маркабаш ба сафаре баромада буд. Ва то расидани вақти намоз саросемавор ба масҷид баргашт. Маркабашро бошад дар ҷое басту дохили масҷид шуд. Ҳангоми намозгузорӣ аз он ки дар фикри оятҳои хондааш бошад, дар фикри маркабаш буд, ки “оё харамро маҳкам бастам?”, “шаваду харамро касе дузад”, “агар дар фалон ҷой харро мебастам беҳтар буд?”

Дар охир Баҳлӯл гуфт:

– Вақто ман ин андешаҳои имомро ҳис кардам, намозамро ним карда, ҳамон суханамро гуфтам. Зеро чунин намозгузориям қабули даргоҳи илоҳӣ намешуд. Агар шумо мешудед, чӣ кор мекардед?

Advertisements

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s