4 қоидаи лидери муваффақ

Китоб: 4 правила успешного лидера

Муаллиф: Стивен Кови

Нашриёт: ООО “Альпина Паблишер”, соли 2013

Теъдоди саҳифа: 138

Забони китоб: русӣ


Сифат ва малакаи роҳбарӣ атошуда аст ва ё онро метавон бо омӯзишу талош касб намуд? Гуфтан мумкин аст, ки “тухмии малакаи роҳбарӣ” дар ҳамагон мавҷуд аст, зеро агар ин шахс мард бошад, рӯзе ӯ ақаллан роҳбари оила мешавад; агар ин нафар зан бошад, ақаллан танзими корҳои хонаводагиву масъули тарбияи фарзандон мешавад, ки ин ҳам сифатҳои волои роҳбариро талаб мекунад. Аз ин ҳам гузашта чунин зану марди муваффақ метавонад роҳбари холдингу ширкатҳои бузург ва ҳам дар курсии ҳокимияти давлат ҷой гиранд. Вале на ҳама малакаҳои роҳбарияшонро дар муҳит ва бинобар усули лозима парвариш дода, ба такмил мерасонад. Кас онро миёни роҳбарон зиста ва бо онҳо ҳамкорӣ карда дар рафти амалия инкишоф медиҳад. Баъзеҳо бошанд бинобар вазъи ба миён омада маҷбур мешаванд, ки аз нозукиятҳои чунин сифати воло огоҳ шаванд. Ва ҳам бояд қайд кард, на ҳама онҳое, ки дар мақоми роҳбарӣ соҳиби курсиянд сифати лидерӣ доранд. Аз ин ҷо бармеояд, ки ҳам роҳбарони кунунӣ ва ҳам онҳое, ки дар талоши лидери беҳтарин шудан ҳастанд, дар талоши омӯзиш шуда, сифат ва малакаи мавҷудаашонро такмил диҳанд.

Стивен Кови собиқ мушовир оид ба масъалаҳои роҳбарият, танзими вақту ҳаёт, омӯзгор ва роҳбари ширкати FranklinCovey дар яке аз асарҳои худ тавонистааст доир ба масъалаи “лидери ҳақиқӣ, роҳбари соҳибуфуқ” якқатро тавсияҳое диҳад, ки аз худ кардани онҳо барои ҳамагон муфид хоҳад буд. Китоби “4 правила успешного лидера” бар ҳақ китоби рӯйи мизии ашхоси муваффақу соҳибирода буда метавонад. Чӣ тавре аз номи китоб маълум аст, асар аз панҷ боб иборат буда, доир ба нозукиятҳои фаъолияти роҳбарони муваффақ маълумот медиҳад.

Муаллифи асар қайд мекунад, ки аввалин қоида ва нозукияти роҳбарӣ ин эътимод аст. Агар коргарон ба роҳбар ҳисси эътимод надошта бошанд, дилхоҳ ширкат ё навъи тиҷорат рӯзе шикаст мехӯрад.

Дуюмин қоидаи роҳбари муваффақ усули корбарии ӯ аст. Соҳиби ширкат будан аввали кор аст. Муҳим он аст, ки то чӣ андоза раванди корӣ дар он ширкат ба роҳ монда шудааст. Зеро ҳар ширкат ва ё коре барои ба даст овардани фоида фаъолият мекунад.

Сеюмин нозукият ин муносибат бо ҳамкорону коргарон аст. Роҳбари муваффақ барои пешрафт ва такмилёбии коргаронаш бояд саҳмгузор бошад. Зеро раванди такмили ихтисоси коргар муваффақияти ширкат ва салоҳияти роҳбарро муайян мекунад. Ҳамчунин дар дарун ва берун аз ширкат кашф карда тавонистани коргарони болаёқат ва дар мақоми лозима кор фармудани онҳо, яке аз сифатҳои лидери барҷаста ба шумор меравад.

Чорумин қоидаи роҳбари муваффақ ин шахсияти худи лидер аст. Ҳар роҳбари муваффақе, ки се қоидаи мазкурро ба ҷой меорад, аллакай эътимод ва эҳтироми ҳамкорону коргаронашро ба даст меорад. Вале дар ин марҳила инкишоф ва такмили шахсии лидери муваффақ набояд қатъ гардад. Лидери оқил ва муваффақ медонад, ки омӯзиш ҳеҷ гоҳ ба охир намерасад ва барои бунёди ҷомеа ва муҳити созанда лозим аст ҳар доим аз усул ва равандҳои нав ба нав огоҳ шуд. Ҳамин тавр роҳбар ба мақсадҳояш қадам ба қадам муваффақ гардида, ҳамзамон ҳаёти атрофиёнро ҳам беҳтар мегардонад.

Хониши асари мазкур, бахусус барои роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, кормандони давлатӣ, роҳбарони ширкатҳои соҳаҳои гуногун, соҳибкор ва тоҷирони тоҷикистонӣ муфид хоҳад буд.

Муваффақ бошед!

Advertisements

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s