Занҷабил шифобахш аст

Ҳарчанд зимистон ҳоло ба таври расмӣ ба сарзаминамон қадам нагузошта бошад ҳам, вале пойтахти ватанамон алъон батадриҷ барфпӯш мегардад. Дар баробари бориши барф бемориҳои зимистона низ аз худ дарак медиҳанд. Зуком, назла, сармохӯрӣ ва ғайра бемориҳои мавсимӣ метавонанд саломатии инсонро то гузаштани сармо заиф гардонанд. Барои ҳамин, аз он ки дар интизории омад-омади бемориҳо шавем, тадбирҷӯӣ кардан кори оқилона хоҳад буд.

Гарчанде бо расидани зимистон либосҳои ғафстарро ба бар мекунем, вале қисматҳои болоии роҳи нафаскашӣ хоҳу нохоҳ барои сармохӯрӣ осебпазир мемонанд. Аз ин рӯ гармии баданро нигоҳ дошта, масунияти организмро баланд бардоштан лозим аст. Яке аз чунин роҳҳои тадбирҷӯӣ тамринҳои сабуки пагоҳирӯзӣ мебошанд. Ҳар саҳар пас аз хоб бедор шудан 15-20 дақиқа бо тамринҳои ҷисмонӣ машғул шавед. Чунин одат гардиши хунро дар бадан ба низом дароварда, суръаташро баланд мекунад.

Ҳамчунин пеш аз он ки ба берун бароед, ҳатман гарданро аз сармо ҳифз намоед. Барои ин метавон онро бо гарданпеч ё либоси зимистонаи гиребондор гарм нигоҳ доред. Ҳар вақто ҳис кардед, ки хунук хӯрда истодаед, дарҳол ягон чизи гарм нӯшед. Ба ҳеҷ ваҷҳ нагузоред, ки бадан гармияшро аз даст диҳад.

Яке аз роҳҳои тадбирҷӯии муассир, ки метавонад шуморо тӯли зимистон аз бемориҳои мавсимӣ эмин нигоҳ дорад, истеъмоли чойи занҷабил аст. Аз растании занҷабил асрҳои зиёд боз тибби халқӣ баҳра мегирад. Бахусус занҷабилро дар чойник ранда карда, ба он асал ва лиму илова намуда бо оби ҷӯшида дам карда нӯшидан, барои организми инсон фоидабахш буда метавонад. Табибон қайд мекунанд, ки чойи занҷабилро на кам аз як маротиба дар як рӯз нӯшидан боиси қавигардии масуният хоҳад буд.

Илова ба ин занҷабил мушакҳои ҷисмро роҳатбахш буда метавонад. Бахусус баъд аз адои корҳои вазнин чойи занҷабил боиси дамгирии бадан мегардад. Ҳамчунин занҷабил барои низоми фаъолияти ҳозима, артрити буғумҳо, мувозинати қанд ва коҳиши сатҳи холестерин дар хун фоидабахш мебошад.

Агар хоҳед, ки аз зебоиҳои фасли зимистон баҳра бурда, тамоми мавсим овораи бемориҳо нагардед, дарҳол як чойи занҷабил дам кунед.

Саломат бошед!

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s