«Рафаэлло»

70 гр тарошаи норгил (кокос), 400 гр ширқиём, 200 гр равғани маска, 200 гр шоколади сафед;


раф1.jpg

1. Равғани маска ва шоколадро дар зарфе болои плитаи пухтупаз дар оташи паст об кунед. Барои он ки насӯзад, махлутро аралаш карда истед.

2. Ба махлути тайёршуда ширқиём илова намуда, боз ҳамаро аралаш кунед.

3. Ин навбат ба махлут тарошаҳои норгилро илова карда, ҳамаро то тайёр шудани қиёми сафедранг нағзакак аралаш кунед.

4. Баъд аз тайёр шудани крем онро барои “дам гирифтан” 3-4 соат (беҳтар мешавад, ки тамоми шаб) ба дохили яхдон гузоред.

раф2.jpg5. Агар кремро дар пухтупази торт истифода карданӣ бошед, метавонед дарҳол пас аз тайёр шудани махлут ба яхдон нагузошта ба нонҳои қабатии торт бимолед.

6. Ҳамчунин креми тайёршударо метавонед ҳангоми наҳорӣ ба нони танӯрӣ ва ё хлеби сафед молида, бо қаҳва ё чойи гарм тановул намоед.

Бо иштиҳои том!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s