Моҳият ва аҳамияти никоҳ

Бинобар низоми муайян ва ақди машрӯъ бо ҳам омадани зан ва марди болиғро никоҳ меноманд. Никоҳ қадами аввалини пурфайз барои ҳаёти оилавӣ аст. Роҳи ягонаи ҳузур пайдо кардани ҷуфти муносиб ин никоҳ аст. Ақди никоҳ аҳдномае мебошад, ки миёни зан ва мард бо мақсад ва ҳадафи муайян баста мешавад. Он боиси миёни ду нафари бегона барпо намудани оила мегардад. Аз ин рӯ Офаридгор баҳамоии берун аз никоҳро бо чашми раҳмат наменигарад. Аммо, вақто зану мард бо никоҳ бо ҳам ҳаёт басар мебаранд, ҳар луқмаи хӯрдаи афроди оила низ барояшон василаи раҳмат хоҳад гашт.

Офаридгори меҳрубон дар Каломи шариф чунин фармудааст: “Ва аз нишонаҳои Худо он аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон занон офарид, то бо онҳо ором гиред ва дар миёни шумо дӯстию меҳрубонӣ пайдо кард. Ба дурустӣ, дар ин кор барои гурӯҳе, ки андеша мекунанд, нишонаҳое ҳаст” (сураи Рум, 21). Дар оят никоҳ ва баҳамоии зану мард яке аз нишона ва далелҳои қудрати илоҳӣ оварда шудааст. Ҳамчунин таъкид мегардад, ки замина ва рукни асосии оиларо бояд меҳрубонӣ, шафқат ва муҳаббат ба ҳамдигар ташкил диҳанд. Гузаштагони барҷаста бо як садо низ аҳамияти никоҳро зикр намуда, онро асоси саодати оилавӣ, татминкунандаи эҳтиёҷоти инсонӣ, кошиф ва сабаби мубодилаи меҳру муҳаббати қалбҳо, мусаббиби ҳалли мушкилоту ҳузн ва саҳмгузори лаззату хушбахтӣ номидаанд. Ҳарчанд баъзе аз навхонадорон гумон мекунанд, ки оиладорӣ ин низоме мебошад, ки дар он мард султаи хешро аз болои иродаи зан қоим гардонида, ҳар чизе хоҳад амал мекунад, вале чунин хомфикрӣ ба ҳеҷ як меъёри башарӣ рост намеояд. Баракс ақди никоҳ ин ҳамоҳангии ду нисфе мебошад, ки бо ҳам як бутунро ташкил дода, зану шавҳар дар ин низом ҳамчун муовин ва ёвар ҳамдигарро кӯмакрасонанд.

Арзишҳои маънавии мо ҷонибдор ва талабгори ақди никоҳе ҳастанд, ки он заминаи миллати солеҳу накӯкорро ба миён меорад. Азбаски муассисаи оила ҷузъи хурдтарини ҳаёт ва раванди иҷтимоиро ташкил медиҳад, солим ва солеҳ будани он, тақдири созандаи ҷомеаро муайян месозад. Дар ҳаёти фарди оқил ҳар амалу рафтор иборат аз ғоя аст ва мақсад аз ақди нокоҳ низ бояд тарбияи насли солим бошад. Бахусус оилае, ки бинобар арзишҳои маънавӣ, таълиму тарбия ва эҷодкориву созандагӣ аллакай дар ҳаёти дунявӣ ба гӯшае аз гӯшаҳои ҷаннат табдил ёфтааст, метавонаддар ҷомеа тухмии чунин насли солимро кошта, саодати ду дунёро ба даст орад.

Advertisements

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s