Ҷомеа бе китоб буда метавонад?

Оё ҷомеа бе китоб ҳувияти аслияшро ҳифз карда метавонад? Дар асл аз аввал ҳар маданият ва ҳар ҷомеа дорои китоб буд. Ва он китоб доим нақши шореҳ ва муфассири арзишҳои маънвӣ, равандҳои иҷтимоӣ, муайянкунандаи самти тараққиёти ҳамон ҷомеаро бозидааст. Зеро бинобар арзиш ҳувият, ҳастӣ  ва мақсад аз мавҷудияти маданият, фарҳанг, санъат, адабиёт ва ғайра муассисаву соҳаҳои иҷтимоӣ ташаккул ёфта инкишоф меёбанд. Агар ҷомеа билкул ва ё аксар афроди он аз китоб дур бошанду одати бардавоми китобхонӣ надошта бошанд, чунин ҷомеаро “бекитоб” унвон кардан раво хоҳад буд. Ҷомеашиносон қайд мекунанд, ки ҳар ҷомеа ба китобе такя мекунад ва инсон бояд бинобар он зиндагонӣ кунад.

Ҷомеае, ки худро аз китоб ва хониши бардавом таҷрид карда, дар вартаи мавҳуму одатҳои беасоси мардумӣ ғӯта задааст, ҳаргиз рӯ ба инкишоф накарда, доим бо пасмондаҳои маданиятҳои ғайр иктифо мекунад. Ҷомеаи бекитоб побанди орзуву ҳавасҳои нафсонӣ, холӣ аз афкори моваро, ҳавасманди ҳаёти якрӯза, фирефтаи зиндагонии беуфуқ буда, мояи ҳастӣ ва ҳадаф аз мавҷуд будани хешро аз даст медиҳад.

Дар чунин ҷомеаи беҳадаф санъату санъаткор хор ҳастанд. Ҳамчунин дар назари ҷомеаи бекитоб фарди маданӣ доим залил буда, ҳарчӣ берун аз меъёрҳои адабиву маданӣ мавҷуданд, барояш азизанд. Чунин ҷомеа ба раванди тафаккуру донишомӯзӣ бегона буда, аз пайи ҳаёти мураффаҳ ва моили меҳнати бе дарди миён аст. Барои вай дабдабаи моддӣ-ҷисмонӣ авлотар аз тавозӯи рӯҳиву равонӣ аст. Ин ҷомеа бо гузашти даврон ҳофизаи маънавияшро аз даст дода, ҳувияти миллияш бошад аз байн меравад.

Дар ҷомеаи бекитоб ба меъёрҳои хурдтарини одоби муошират риоя намекунанд. Зеро шуур ва дарки эҳтиром ба одоби муошират вуҷуд надорад. Рафтору гифтори дағалона, суханҳои берун аз одоби инсонӣ ҳамчун ҷасорат, зиракӣ ва возеҳбаёнӣ қабул мегарданд. Ин ҷомеаи ҳатто ба худ бегона батадриҷ бо инҳитоти иҷтимоӣ мувоҷҷеҳ шуда, эҳтиром ба калонсолон ва марҳамат ба хурдсолон аз байн меравад. Заифу соҳибэҳтиёҷ боз ҳам заифтар шуда, соҳиби қудрат ҳарчӣ бештар ба золим мубаддал мегардад. Ҷомеаи бекитоб на мозӣ дораду на истиқбол. Он аз зумраи аърофиён буда, дар нимароҳи ҷаҳлу таназзулоти меъёрҳои башарӣ дармонадааст. Аз ин рӯ як рӯз аз пой афтида, хаставу ғелида дар чанги зулму ҷаҳолати хеш ҷон хоҳад дод.

Ҷомеаи мо ҳаргиз бекитоб набуд. Вале чӣ ҷойи пинҳон аст, ки аломатҳои манзараи дар боло тасвиршуда торафт дар ҷомеаи мо низ рӯшантар мегарданд. Дар асл ҷомеаи тоҷикистониро барои дубора шинохти китоби хеш ва касби одати китобхонӣ ҳеҷ монеае мавҷуд нест. Танҳо лозим аст, ки иродаву идрокро ба даст гирифта, ҳоло ки вақт ҳаст, дар ин ҷода қамари ҳиммат бандем!

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s