Шефтаҳои китобхон

Забоншиноси маъруф ал-Ҷоҳиз

Ошиқи даврон забоншинос ал-Ҷоҳиз илмомӯзиро дӯст медошт. Азбаски барои китобхарӣ маблағи кофӣ надошт, дӯкони китобфурӯширо бо маблағи андак ба иҷора гирифта, шабҳояшро дар он рӯз мекард. Китобфурӯш шабона дарҳои дӯконро аз болояш маҳкам карда мерафт ва ал-Ҷоҳиз то саҳар фурсати китобхонӣ пайдо мекард. Ин олими бузург дар таърих ҳамчун забоншиноси маъруф ёд мешавад. Забоншинос ал-Ҷоҳиз атрофашро бо китобҳо ҳамчун девор гирд карда, миёни онҳо нишаста китоб хонданро дӯст медошт. Маргаш ҳам ҳамон замоне расида буд, ки бо кори дӯстдоштааш машғул буд. Рӯзе ал-Ҷоҳизи бемор ҳангоми миёни китобҳо нишастан, ҷилдҳои вазнин ба болояш афтида, миёни онҳо ҷон месупорад.

Васияти Ибн-ул-Ҷавзӣ

Олими шаҳир Ибн-ул-Ҷавзӣ дар таърихи башар яке аз шахсиятҳои назираш нодир ва камёб мебошад. Ӯ ҳеҷ як сонияи умрашро бекор нагузаронида, тӯли ҳаёти пурбораш беш аз 340 асар боқӣ гузоштааст, ки баъзеи онҳо то 20 ҷилд китобро ташкил медиҳанд. Гуфта мешавад, ҳеҷ соҳае намондааст, ки Ибн-ул-Ҷавзӣ онро зери таҳқиқ қарор надода бошад. Агар ҷамъи асарҳояшро ба рӯзҳои умраш тақсим кунем, пас сари ҳар як рӯзи навишти ҷилд-ҷилд асарҳо аз замони таваллуд то дами маргаш чор дафтар (анқариб 20-25 саҳифа) рост меояд. Ӯ ҳамагӣ 85 сол умр дидааст.

Азбаски осори гаронбаҳои Ибн-ул-Ҷавзӣ бо қамиш-қалам навишта мешуданд, ӯ зуд-зуд қалам тез мекарду қалам иваз мекард. Вале ин олими барҷаста пасмондаҳои қамиш-қаламро напартофта, дар васияташ ишора карда буд, ки пас аз маргаш барои гарм кардани оби шустушӯии бадан ҳамин пасмондаҳои қамиш-қаламҳояш ба кор бурда шаванд. Пас аз марги олим васияташ ба ҷой оварда шуд ва пасмондаҳои мазкур барои гарм кардани об нӯг ба нӯг расида иктифо кардаанд.

Ибн Рушд ва ду шаби китоб нахондааш

Ибн Рушди андалусӣ олими бузурги асри Х мебошад. Гуфта мешавад, ки тӯли ҳаёти хеш ӯ китобро аз худ дур накардааст. Дар ҳаёти ӯ танҳо ду шабе ҳаст, ки ҳамон замон китоб хонда натавонистааст. Шабе, ки оиладор шуда буд ва шабе, ки падараш вафот кардааст.

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s