Доир ба муҳлати бо ҳам шиносшавии ҷуфти оиладормешуда ягон қонун ва қоидаи умумӣ мавҷуд нест. Зеро ин муҳлат бинобар шарту шароити мард ва зани оиладормешуда гуногун буда метавонад. Вале бояд қайд карда шавад, пас аз он ки ин ду нафар ҳамдигарро ба андозаи кофӣ шинохта, итминон ҳосил мекунанд, ки “ин ҳамон нафари муносибам аст”, раванди оиладоршавиро дароз накарда, никоҳ шуда хонадор шаванд. Дар баробари ин ҷуфте, ки ҳамдигарро акнун мешиносанд, саросема нашуда ва барои он ки пас аз оиладоршавӣ пушаймон нашаванд, қарорашонро ботамкин диҳанд. Нафароне, ки замони тӯлонӣ боз ҳамдигарро мешиносанду бо ҳамдигар дар фотиҳа ҳастанд, дароз кардани муҳлати оиладоршавӣ метавонад ба муносибати ҷуфтон халал расонад.
Нафарони фотиҳашуда метавонанд дар ҳузури шахси сеюм бо ҳам вохӯрда, доир ба мавзӯе суҳбат кунанд. Вохӯрӣ ва гуфтугузории онҳо бояд дар чаҳорчӯбаи машрӯъ сурат гирад. Муҳтавои чунин вохӯриву гуфтугузор бояд дар оянда заминаи хонадоршавии солиму солеҳро ташкил кунад. Вагарна берун аз ин меъёрҳо вохӯрда гуфтугузор намудани нафарони дар фотиҳа қарордошта шаръан дуруст нест. Азбаски дар фотиҳа қарор доштан айни ҳукми никоҳро надорад, ҳар гуна ламс ва амалу рафторе, ки ба ҷой оварданаш шаръан танҳо ба зану шавҳар иҷозат дода шудааст, ғайри қабул аст.
3 Comments Add yours