Соҳиби бозор

Рӯзе Баҳлӯли Доно ба назди халифа Хорун-ар-Рашид омада, талаби вазифа мекунад. Ҳорун бинобар талаби Баҳлӯл амр мекунад:

– Туро соҳиби бозори Бағдод мекунам. Дарҳол ба бозор рафта, корҳои он ҷоро ба тартиб дарор.

Баҳлӯл вориди бозор шуда, рост ба назди нонвойхона меравад.  Дар он ҷо хамирро тарозу карда мебинад, ки нонвой вазни хамирро камтар кашида, нон пухта ба мардум бо нархи вазни том мефурӯшад. Аз нонвой мепурсад:

– Ҳой меҳнаткаш, корҳо чӣ хел аст? Оё дар корат баракате ҳаст?

Нонвой шикоят карда, посух медиҳад:

– Не, раис! Ин чӣ замона буд? Дар фурӯшу дар харидам баркате нест!

Баҳлӯл дарҳол ба назди дигар нонвойхона меравад. Хамири нонии он ҷойро ҳам бар кашида мебинад, ки нонвой нонро бо вазни том пухта мефурӯшад. Аз нонвой суол мекунад:

– Ҳой меҳнаткаш, монда набошӣ! Оё дар корат баракате ҳаст?

Нонвой шукргузорона ҷавоб медиҳад:

– Шукри Худовандам, раис! Дар корам баракати зиёд ҳаст, даромади хуб ҳам дорам!

Баҳлӯл аз бозор баромада, рост ба назди халифа Ҳорун рафта, вазифаи нав талаб мекунад. Халифа дар ҳайрат афтода, мепурсад:

– Ҳо чанд соат пеш корҳои бозорро ба тартиб дарорӣ гуфта, туро соҳиби бозор кардам-ку! Чӣ шуд?

Баҳлӯл иброз медорад:

– Бозор аллакай Соҳиб дорад, худаш ҷазову подошро муайян карда, корҳои он ҷойро ба тартиб даровардааст.

Advertisements

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s