Калиди мушкилкушо – фарҳанг!

Фарҳанг ҳастии миллат аст. Забон, тарбия, расму русум, санъат ва адабиёт барин сутунҳои маданият бинобар эҳсосоти ин ё он ҷомеа шакл гирифта, тарз ва усули ҳаёти рӯзмарраро ташкил медиҳанд. Ҳар ҷузъи ин раванд барои ҳастии фарди ҷомеа муҳим буда, ҷамъи он шаҳрванди фарҳангиро ба миён меорад. Ҳар насл дар даврони хеш арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, онро дар ҳаёт амалӣ карда, такмилдиҳандаи ҷузъҳояш мегардаду ба насли баъдӣ амонат мегузорад. Ҳар бадбахтӣ ва мушкилоте, ки ба сари миллате меояд, бо сабаби канда кардани робитаҳои фарҳангияш аст. Дар навбати худ канда кардани робитаҳои мазкур бо сабаби ҷаҳолати омма ва аз хониш дур мондани миллат ба вуҷуд меояд.

Миллте, ки ҳастии хешро бинобар вуҷуди анбӯҳӣ давом медиҳад, ҳеҷ гоҳ пойдор буда наметавонад. Зеро шуури анбӯҳ китоб ва тафаккурро ҳақир дида, манфиати моддиро авлотар мепиндорад. Ҳол он ки ташаккули фарҳанг маҳз аз ҳамин сарчашмаҳо маншаъ мегирад. Костагии фарҳанг боиси беҳадаф ва бешуурона паси сар кардани зиндагӣ мегардад. Ҷомеае, ки ҳаёти хешро танҳо иборат аз як рӯз медонад, ба насли баъдӣ чизе меърос гузошта наметавонад. Аз ин рӯ “истиқбол”-и чунин миллат беш аз нестӣ варотар чизе буда наметавонад. Фарҳанг асоси маданияти қавӣ ва шиносномаи миллати соҳибуфуқ аст.

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s