Интихоби ҳамсар

Барои занҳо мағозае кушода шуд. Акнун онҳо метавонистанд аз ин мағоза барои худ ҳамсар интихоб карда бихаранд. Мағоза аз панҷ ошёна иборат буда, бо баланд шудан ба ҳар ошёна махсусиятҳои мардҳои мавриди интихоб бештару беҳтар мегардид. Дар мағоза як шарт ҷорӣ буд: ҳар зане, ки аз дари дӯкони ошёнае барои харид ворид мешавад, бояд аз ҳамон ошёна харид кунад, вале агар харидан нахост, дигар ҳақи ба ошёнаи поёнӣ баргаштанро надорад, танҳо метавонад барои харид ба ошёнаи болоӣ барояд. Ҳамин тариқ, рӯзе як гурӯҳ дугонаҳо – духтарони ҷавон бо мақсади барои худ ҳамсар интихоб кардан ба ин мағоза меоянд. 

Ошёнаи якум: Пушти дар чунин навиштае ҳаст: “Мардҳои ин ошёна соҳиби кору даромаданд ва кӯдакони хурдро дӯст медоранд”. Баъди хондани навиштаи пушти дар духтарҳо мегӯянд: “Ҳеҷ набошад, ҳаминаш ҳам мешавад, вале биёед-ку ошёнаи болоро бубинем”.

Ошёнаи дуюм: Навиштаи пушти дар: “Ин ҷо ҷавонҳои соҳиби кори хуб, кӯдакдӯстдор ва ниҳоят зебо қарор доранд”. Духтарҳо: “Бад набудааст, вале бароямон дидани ошёнаи боло мароқангез аст”.

Ошёнаи сеюм: “Ин ҷо ҷавононе ҳастанд, ки кори хуб доранд, кӯдакдӯстдор, ниҳоят зебо ва дар кори хона ёрирасонанд”. Духтарҳо: “Худоё, ин бахтро бинед-а. Магар хушбахтӣ аз ин бештар мешавад? Вале ошёнаҳои дигар низ ҳаст, канӣ онҳоро бинем, чӣ”.

Ошёнаи чорум: “Ҷавононе, ки дар ин ошёна ҳастанд, корҳояшон хеле олист. Кӯдакҳоро бениҳоят дӯст медоранд ва бағоят зебову дилкашанд. Дар корҳои хона ба ҳамсар ёрӣ мерасонанд ва ба қадри кофӣ меҳрубонанд”. Духтарҳо қаҳ-қаҳае мепартоянду мегӯянд: “Аҷаб дӯконе омадем. Бовар нокарданист. Вале биёед мебинем, ки дар ошёнаи панҷум моро чи интизор аст?” Онҳо ба ошёнаи панҷум мебароянд.

Ошёнаи панҷум: Пушти дар чунин навиштае овезон аст: “Ин ошёна холист, балки барои он аст, то исбот кунем, ки занҳоро намешавад қонеъ сохт. Хуш омадед, хонумҳои меҳрубон. Роҳи баромад дар тарафи чап аст. Ҳангоми фаромадан аз зинаҳо эҳтиёт шавед, то наафтед…”

– Башир Усмон, “Дидор”

3 Comments Add yours

  1. Abubakr says:

    Як чахон ташаккур

    Like

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s