Фарҳанги китобдорӣ

Китобхонаҳои шахсӣ ва умумӣ тақдири башариятро доим шакл дода, боиси рушду инкишоф мегаштанд. Бахусус таърихи мардуми мусулмон яке аз мисолҳои боризи чунин ганҷро ташкил медиҳад. Ҳоло мехостем чанд мисоле аз чунин китобхонаҳои шахсиву умумӣ биёрем. Бояд қайд кард, ки фарҳанг ва арзишҳои маънавии миллатамон ҳеҷ гоҳ зидди китоб набуда, баракс фардро ташвиқ мекарданд, то ки доим аз пайи илмомӯзӣ ҷаҳд кунад:

Муҳаммад ибни Муслим яке аз муҳаддисони машҳури тамоми даврон аст. Бояд қайд кард, ки ӯ ҳамчунин яке аз аввалин нафароне мебошад, ки китобхонаи шахсӣ бино кардааст;

Таърихнигори машҳур ал-Воқидӣ (748-822) пас аз марги худ 600 дона сандуқҳои пур аз китоб боқӣ гузошт, ки як сандуқро ду нафар бо душворӣ мебардошт;

Алломаи машҳур, файласуф ва ситорошиноси бузург Насируддини Тӯсӣ (1201-1274) дар шаҳри Мароға расадхонае дошт, ки дар наздаш китобхонаи дорои 400 ҳазор китоб бино шуда буд;

Вақто дар асри Х яке аз китобхонаҳои машҳуртарини Аврупо – Монте Казино, ки ба Папаи Рум мансуб буд, ҳамагӣ 1000 дона китоб дошт, ҳамон замон танҳо дар Наҷафи Ироқ сокинони маҳаллӣ дорои китобхонаи иборат аз 40 ҳазор китоб буданд;

Дар замони халифаи аббосӣ ал-Маъмун (786-833) дар шаҳри Бағдод китобхонаи машҳури давр Байт-ул-ҳикмат дорои беш аз 100 ҳазор китоб буд. Осори нодири ин китобхона соли 1258 аз ҷониби муғулони ғаддор ҳамроҳи китобҳои 36 китобхонаи дигар ба коми оташ партофта шуданд;

Халифаи умавӣ Ҳаками Сонӣ (915-976) дар Андалус китобхонаи боҳашамати Қуртубаро бино кард, ки дорои 600 ҳазор китоб буд. Ҳамчунин қайд карда мешавад, номгӯи он китобҳо дар феҳристи 44-ҷилда дарҷ гардида буданд;

Соли 910 халифаи дигари умавӣ ал-Азиз дар Миср китобхонаи шаҳири Қоҳираро бунёд мекунад, ки он дорои 1.600.000 ҷилд китоб буд. Аз ин 6 ҳазор китоб ба фанни риёзиёт ва 8 ҳазор китоб ба фанни ҳикмат (мантиқ ва фалсафа) тааллуқ доштанд;

Дар замони Салҷуқиён вазири ҳаким Низомулмулк барои истифодаи меҳмонону мусофирон то ҳатто дар корвонсаройҳои саросари салтанат китобхонаҳо таъсис медиҳад. Ҳол он ки чанд аср баъд шоҳи Фаронса Шарли “Олим” (Chalres “le Sage”) дар китобхонаи бунёдкардааш бо душворӣ тавонистааст, ки ҳамагӣ 900 дона китоб ҷамъоварӣ намояд;

Баъд аз он ки соли 1171 салтанати Фотимиён ба охир мерасад, китобҳои зиёди китобхонаи он бо усули музояда ба фурӯш бароварда мешаванд. Аз он музояда Қозӣ ал-Фазл – котиби Салоҳуддини Айюбӣ анқариб 100 ҳазор китоб мехарад. Гуфта мешавад, ки музоядаи мазкур то ҳол яке аз калонтарин ва тӯлонитарин музоядаҳои олам ба ҳисоб меравад. Он расо даҳ сол давом додааст;

Абӯ Алӣ ибни Сино аллома ва табиби машҳур қайд мекунад, ки вақте ӯ дар дарбори Сомониён хизмат мекард, дар китобхонаи он китобҳоеро дида буд, ки ҳеҷ як нафар надидааст. Китобхонаи дарбор дар алоҳидагӣ монанди як сарой буд. Китобҳо бинобар мавзӯъ ва ихтисос ҳамчун риёзиёт, фалсафа, кимиё, забоншиносӣ, адабиёт, ҳуқуқ, ҳадис, тафсир, фиқҳ, ситорашиносӣ, тиб ва ғайра тасниф карда шуда, ҳар яки он дорои феҳристи мукаммал буд;

Мисолҳои мазкури таърихӣ танҳо қатрае дар уқёнуси беохир мебошанд. Таърихи мо аз мисолҳои чунин абармардони ҳақиқӣ ва мардуми соҳибмаърифат ғанӣ аст. Ва бузургии онҳо бинобар эътино ва ҳиммати баланди донишомӯзияшон муайян гаштааст. Ин миллат ҳар чӣ қадар ба китоб рағбат карда бошад, ҳамон андоза ба авҷи камолот расидааст.

Дар охир суханҳои шарқшиноси фаронсавиро меорем, ки умед дорам насли “модерн”-ро барои тафаккур даъват хоҳад кард. Шарл Мисмер (Charles Mismer; 1832-1904) дар китобаш “Шабҳои Константинопол” (Soirees de Constantinople) чунин қайд мекунад: “Ин мусалмонон, аз он рӯз ки тарки дин кардаанд, дар ҳама чиз ақиб монданд. Аврупоиҳо бошанд, замоне ки аз дин дур шуданд, тараққӣ карданд. Бе ягон шубҳа гуфтан мумкин аст, ки ғарбиҳоро аз вартаи ҷаҳолат ва султаи калисо бароварда, танҳо асрҳои баъдӣ онҳоро дар илму донишомӯзӣ ва фарҳанги муосирашон роҳнамо ҳамин ҷаҳди илмӣ, маънваиёт ва маданияти Шарқ (маданияти мусулмонон) буд”.


2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s