Баъд аз 3-солагӣ аллакай дер мешавад!

Китоб: “После трёх уже поздно”

Муаллиф: Масару Ибука

Нашриёт: ООО “Альпина нон-фикшн”, соли 2015

Теъдоди саҳифа: 224

Забони китоб: русӣ


Ҳар як волидайн фарзандашро хушбахт ва шоду хурсанд дидан мехоҳад. Илова ба ин ҳар падару модар мехоҳад, ки фарзандаш рушд ва инкишофи солими фикрӣ, зеҳнӣ ва эҷодӣ дошта бошад. Вале на ҳамагон аз рӯзҳои аввали ба дунё омадани фарзандашон ба ин масъалаи муҳим аҳамият медиҳанд. Хостем каме дар бораи яке аз “роҳбаладон”-и санъати тарбия ва таълими кӯдак маълумот диҳем.

Масару Ибука яке аз муассисони ширктаи ҷопонии SONY аст. Ӯ фаъолияти тиҷоратии худро соли 1947 –замони бо хок яксон шудани иқтисоди Ҷопон– оғоз мекунад. Фикру навоварӣ ва малакаву донишҳои муҳандисии ӯ тавонистанд кишварашро аз вартаи ноумедӣ халос кунанд. Ҳарчанд Масару Ибукаро дар соҳаи технологӣ ҳамагон мешиносанд, вале бояд қайд кард, ки таҷриба ва диди ӯ дар соҳаи педагогика низ мусбат пазируфта шудаанд. Ибука соли 1977 китоби “После трёх уже поздно” -ро менависад, ки дар он доир ба мушоҳида ва таҷрубаҳои тарбияи насли наврас иброз медорад.

Ҳарчанд мушоҳида ва фикрҳои Масару Ибука “вазни педагогӣ” надошта бошанд ҳам, вале беш аз 40 сол аст, ки хониши китоби ӯро педагог ва равоншиносон барои тарбияи солими кӯдак ба волидайн тавсия медиҳанд. Бинобар таҳқиқоти муосир коршиносон иброз медоранд, ки  70-80%-и майнаи сари инсон аз таваллуд то 3-солагӣ инкишоф меёбад. Гуфтан мумкин аст, ки заминаи шахсияти кӯдак аллакай дар ҳамин синну сол гузошта мешавад. Ибука маҳз ҳамин овони кӯдакиро ба назар гирифта, дар кӯдак тарбия додани шахсияти эҷодкор, мустақил ва меҳнатпарвар изҳори назар мекунад.

Хониши китоби “После трёх уже поздно” ба мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, муаллимони мактабҳои миёна, коршиносони соҳавӣ ва ҳатман ба модарон тавсия дода мешавад. Заминаи миллати қавиирода, эҷодкор, мустақил ва фарҳангпарвар дар синну соли 0-3 гузошта мешавад.

7 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s