Ба касе пӯшида нест, ки хӯрок ва нӯшокиҳои истеъмолшуда дандонҳоро беранг мекунанд. Дандонпизишкон ба таври қатъӣ иброз медоранд, ки барои саломатии даҳон дар як шабонарӯз ҳадди ақал дандонҳо бояд 2 маротиба шуста шаванд. Набояд фаромӯш кард, ки нигоҳубини ковокии даҳон хатари бемориҳои ишемияи қалб ва фалаҷро монеа хоҳад шуд. Ҳамчунин табибон қайд мекунанд, ки бидуни истифодабарии моддаҳои кимиёвӣ ҳам сафедӣ ва саломатии дандонҳоро метавон барқарор намуд.
– Барои баргардонидани ранги солими дандонҳо қулфинайро майда карда, дандонҳоятонро бо он шӯед. Баъд аз 5 дақиқа даҳонро хуб обгардон кунед. Витамини С, ки дар таркиби қулфинай мавҷуд аст, ба миён омадани карахшу сангбандии дандонҳоро пешгирӣ намуда, чиркҳои онро тоза мекунад.
– Баъд аз хӯрдани хӯрок ҳатман панир истеъмол намоед. Панир дандонҳоро аз пӯсидан ҳифз карда, сири дандонҳоро қавитар мегардонад.
– Аз хамиртуруш ҳам истифода кунед. Хамиртурушро бо оби лиму омехта намуда, як навъ хамир тайёр кунед. Баъдан дандонҳоятонро бо он молиш дода тоза кунед. Доғҳои сиёҳи сатҳи болоии сири дандон бо мурури замон аз байн мераванд.
– Табибон қайд мекунанд, ки барои дандон ва милкҳои ҳассос истифодаи карбонати ғизоӣ низ фоидабахш аст.
Саломат бошед!
–таҳияи Достиев Неъмат
2 Comments Add yours