Чӣ навъ китобҳоро бояд хонем?

Доир ба хониши кадом навъ китобҳо ҳудуд гузоштан дуруст нест. Вале як қатор меъёрҳое мавҷуданд, ки хонанда қабл аз шурӯи хониш, метавонад онҳоро ба назар гирад. Барои худи хонанда бинобар меъёр ва ҳадафҳои зерин интихоб намудани адабиёти хондамешуда самараовар хоҳад буд.

Қабл аз ҳама бояд китобҳоеро хонд, ки инсонро барои шинохти хеш кӯмакрасон бошанд. Оиди мавҷудияти одаму олам дониш касб диҳад. Зоте, ки ӯро ҳаёт ва неъматҳои бешумор бахшидааст, бар ивази онҳо чӣ талаб мекунад? Кадом асрори коинотро омӯхтан мехоҳад? Дар тӯли ҳаёт ӯ бо чӣ касбу коре машғул шудан мехоҳад? Кадом малакаву истеъдодҳояшро метавонад бештар инкишоф диҳад? Ғояи хаёл, идеал ва мақсади зиндагонияш дар чист? Дар баробари такмил додани шахсияти хеш, боз чӣ тавр метавонад ҳаёти атрофиёнашро ҳам беҳтару самароноктар кунад? Саҳми инсон дар ин низоми бузурги мавҷудот, ки меҳвараш худи ӯ аст, чист? Мақсад аз хониш донишомӯзӣ ва касб кардани таҷрубаи ҳаётӣ мебошад. Аз ин рӯ ба саволҳои мазкур посух пайдо кардани шахс саодати дорайнро барояш оварда метавонад.

Адабиёти дӯстдошта ва хондамеистодаи шахс ояндаи ӯро муайян мекунад. Аз ин рӯ аз хониши китобҳои холӣ аз маънову самара ҳазар бояд кард. Расули акрам (с.а.в.) фармудаанд, ки донишомӯзиву талаби илм кардан барои ҳар зану марди мусулмон фарз аст. Ҳамчунин дар яке аз ниёзҳояшон ба Худованд хостаанд, ки доим бо илми омӯхтаашон амал кардан  насибашон шавад; аз илмомӯзии беҳадафу бесамар ба Офаридгор паноҳ бурдаанд.

Аз ин ҷо бармеояд, ки ҳар шахси соҳибиродаву соҳибҳадаф аз машғалаи хонише, ки барояш нафъе надорад, бояд ҳазар кунад. Дар баробари ин ҳар нафар доир ба касбу кори хеш бояд аз тамоми нозукиятҳои маслакаш огоҳ бошад. Имом Молик фармудаанд: “Илм омӯхтан хуш аст. Пас бо илме машғул шав, ки туро шабу рӯз ба кор ояд!”

Боре Салмони Форсӣ ҳамроҳи нафаре ба сафар мебароянд. Вақто ба соҳили дарёи Даҷла мерасанд, он нафар аз дарё ба кафи дасташ об гирифта менӯшад. Ҳазрати Салмон хоҳиш мекунад, ки боз нӯшад. Он мард боз об менӯшаду мегӯяд, ки кофӣ аст. Салмони Форсӣ аз мард суол мекунад:

– Вақто аз дарё об нӯшидӣ, оби дарё кам шуд?

– Не, кам нашуд!

– Пас илм низ чунин аст. Ҳарчӣ беш омӯзӣ, боз ҳам бештараш боқӣ мемонад. Аз ин рӯ аз пайи илме бош, ки туро нафъ бахшад!

Ҳазрати Салмон ба дурустӣ дарк карда қайд мекунад, ки умри инсон ба сони умри илм тӯлонӣ нест. Аз ин рӯ ҳарчӣ имкон ҳаст, дар ин ҳаёти кӯтоҳ аз пайи илми фоидабахш бояд шуд.

Ҷон Рёскин (1819-1900) мунаққиди санъат китобҳор ба ду гурӯҳ тақсим мекард: “Китобҳои рӯзмарра ва китобҳои доимӣ”. Нависанда ва файласуф Мишел де Монтен (1533-1592) доир ба китобҳои бефоида ва ҳатто зараровар чунин қайд мекунад: “Гумон мекунам, мароқи илмомӯзии инсон ба худ низоме надорад. Илмомӯзӣ ба монанди хариди моҳиву гӯшт нест, мураккабтар аст. Чунки харидатонро аз бозор ба дилхоҳ халта ва ё зарфе надохта ба хона меоред. Ҳамин тавр онро аз наздик дида, чӣ қадаршро кай истеъмол мекунед, қарор медиҳед. Вале дониш ин тавр нест! Ба ғайр аз қолаби рӯҳ дигар зарфе дар ӯҳда надорем. Ҳар вақто чизе меомӯзем, онро дарҳол фурӯ мебарем. Аз ин рӯ баъзан аз бозори донишомӯзӣ бо тӯшаи заҳролуд бармегардем. Донишу маълумотҳое ҳастанд, аз он ки мағзи сарро қувват бахшида боиси инкишофи он гарданд, баракс онро хаста карда, беҷо дар дохилаш маскун мешаванд. Он навъ маълумоте низ мавҷуд аст, ки дар қиёфаи табиб моро писанд омада, дохили мағзи сар мешаваду сабаби маргамон мегардад”.

Омӯзиш ва тадқиқи илму донишҳое, ки метавонанд ҳам умури динӣ ва ҳам умури дунявии иснонро созгор бошанд, барои ҳар нафар муҳим аст. Ҳадафи ниҳоӣ аз китобхонӣ ҳам бояд бунёд ва касби арзишҳои моддиву маънавӣ бошад. Шахсони зиёде буда метавонад, ки “мафтуни китобхонӣ” ҳастанд, вале эҳтимол илми касбкардаашон на дунё ва на охираташонро эъмор хоҳад кард. Дар талаби илми нофеъ бошед!

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s