Зарарҳои ҷиддии пой болои пой монда нишастан

Инсон пой болои пой монда, чунин тарзи нишастро хуш мепазирад. Зеро қабул шудааст, ки ин тарзи нишаст инсонро виқор бахшида, ҳангоми гуфтугузор ҷиддӣ вонамуд мекунад. Ҳол он ки дар тарбияи шарқӣ пой болои пой монда нишастанро, хусусан дар назди калонсолон раво намебинанд. Акнун соҳаи тиб низ дар натиҷаи таҳқиқот ба натиҷае расидааст, ки пой болои пой монда нишастан барои саломатии инсон зарар дорад. Аз ин навъи нишаст бештар занҳо истифода мекунанд. Умед дорем, минбаъд ҳамагон пеш аз пой болои пой мондан, ин сатрҳоро ба ёд оварда, барои саломатияшон қарори дурустро медиҳанд.

Муҳлати тӯлонии чунин тарзи нишаст метавонад баданро ба ин навъ бемориҳову душвориҳо гирифтор намояд:

Пой болои пой монда соатҳои тӯлонӣ ин гуна нишастан хатари бемории фалаҷи асаби усутухони калони соқро меафзояд. Яъне инсон дар натиҷаи чунин нишаст, эҳтимоли зиёд, фалаҷ мешавад;

Дар натиҷаи тадқиқот маълум шуд, ки вақти тӯлонӣ пой болои пой нишастан, боиси баланд шудани фишори хун мегардад. Ҳатто агар инсон боре ҳам фишори баланди хун надошта бошад ҳам, эҳтимоли зиёд дар натиҷаи чунин одати беҷо, минбаъд мушкилиҳои гардиши хун ӯро ҷилавгирӣ хоҳанд кард. Иллати баланд шудани фишор дар он аст, ки вақте пойро болои зонуи пойи дигар мегузорем, болои рагҳо вазни зиёд изофа шуда, миқдори зиёди хун ба дил ҳаракат мекунад. Ин дар ниҳоят боиси баланд шудани фишор мегардад. Тавзеҳи дигари эҳтимолӣ ин аст, ки фишор дар натиҷаи  қадшавии изометрикии мушакҳои пой (вақте буғумҳо ва мушакҳои пой муддати зиёд беҳаракат мемонанд) баланд мешавад. Бояд қайд кард, ки дар маҳалли буғумҳои буҷулакҳои пой ин навъ таъсири манфӣ дида намешавад;

Аз чунин усули нишасти бемаврид мушакҳои коси пой низ зарар мебинанд. Муддати зиёд пой болои пой монда нишастан бо мурури замон мушакҳои дарунии ронро кӯтоҳ карда, мушакҳои берунаро дарозтар мекунад. Ин дар натиҷа хатари ҷумбиши буғумҳоро бе миён меорад;

Агарчи варикоз (васеъшавии рагҳо) дар бисёр маврид бемории ирсӣ аст, вале одати гузоштани пой болои пой метавонад боиси зуҳур гардидани ин беморӣ шавад. Зеро рагҳо зуд‐зуд зери фишор қарор мегиранд. Дар рагҳои хунгард даричаҳои хурд мавҷуданд, ки намегузоранд хун ба самти дигар ҷорӣ шавад. Вақте пойҳо болои якдигар қарор мегиранд, фишори рагҳо баланд мешавад. Ин ҳолат чандирии деворҳои рагҳоро суст ва танг карда, гардиши табиии хунро халалдор мекунад. Дар натиҷа ҷамъшавии хун ба миён омада  рагҳои пой варам мекунанд;

Тадқиқот муайян кард, ки дар як рӯз беш аз 3 соат пой болои пой монда нишастан боиси афзудани қоматхамидагӣ, дардҳо дар қисмати поёни тахтапушт, гардан ва дарду нороҳатӣ дар ронҳо мегардад.

Саломат бошед!

–таҳияи Достиев Неъмат

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s