Бори гарони азхудкунии маълумот

Коршиносон қайд мекунанд, ки майнаи сари инсон дар як сония то 400 миллиард бит (тақрибан 50-60 гигабайт) маълумотро коркард мекунад. Ва ҳамон сония танҳо тақрибан 2 мегабайти он маълумот ба кор бурда мешавад. Ҳамарӯза инсон сари ҳар қадамаш бо маълумоте рӯ ба рӯ мешавад. Он маълумотро майнаи сари инсон тариқи панҷ ҳисси зоҳир қабул мекунад. Дар навбати худ тараққиёти технологӣ чунин додугирифтро муассиртар карда суръат бахшидааст. Ҳаёти инсони имрӯза аз манбаҳои иттилоотӣ лабрез аст. Барномаҳои хабарӣ, интернет, телефонҳои дастӣ номгӯи ками онҳост. Ҳарчанд ба майнаи сари одамӣ қудрати ба осонӣ ҳазм карда тавонистани кулли маълумоти воридмешуда ато карда шудааст, вале дар баробари ҳамаи ин майнаи сар хаста мегардаду аз фаъолияти босамар боз мемонад.

Аз ин ҷо бармеояд, ки на ҳар маълумоти воридмешуда моро ба кор омада метавонад. Пас лозим аст барои худ як дурнамоеро тартиб диҳем, ки ҳангоми додугирифт маълумотро дуруст ҷо ба ҷо карда, баъдан самаранок истифода барем:

Баъзан маълумоте лозим мешавад, ки он дар дохили сатрҳои зиёди матн ҷой гирфитааст. Маҷбур мешавем барои дарёфти дониши лозима тамоми матнро аз аввал то охир хонем. Ин ҳама вақти зиёдро талаб мекунад. Вале шумо метавонед, ки ба ин раванд суръат бахшида, дар муддати кӯтоҳ маълумоти бештарро ба даст оред. Аз ин рӯ маҳорати тезхониятонро инкишоф диҳед. Чунин одати хуб дар баробари қобилияти тезхонӣ ҳамчунин маҳорати батезӣ таҳқиқ ва тадқиқ намудани маълумоти ба майнаи сар воридмешударо мебахшад. Ҳамин тавр маълумоти “лозима”-ро аз “нолозим” таҷрид карда, ҳамчунин хотираро қувват мебахшед;

Чӣ тавре дар боло зикр гардид, ҳарчанд майнаи сар қобилияти ҳазм кардани тамоми маълумоти пешомадаро дорад, вале то охири рӯз он хаста гашта, аз фаъолияти самаранок боз мемонад. Аз ин рӯ, пеш аз он ки ба хониш ва таҳқиқи матлабе гузаред, бахусус иттилооти хабарӣ, қарор диҳед, ки оё хониши ҳамон матлаб бароятон муфид аст ё не! Агар он матлаб бароятон лозим набошад, беҳуда майнаи сарро хаста накарда, қувваи мавҷударо дар самти эҷодкориву боз ҳам самаранок истифода бурдани майнаи сар сарфа кунед;

Агар маълумоти бо он рӯ ба рӯ шудаатон ба касбу кор ва машғалаи рӯзмарраатон робита дошта бошад, пас барои худ муайян кунед, ки хониши кадом ҷиҳатҳои он бароятон фоидабахш хоҳад буд. Барои худ муайян кунед, ки шумо ба хотири дониш омӯхтан мехонед ё мехоҳед танҳо аз он маълумот огоҳ бошед?

Ҳангоми хониши матлаб нуқтаҳои бароятон писандомада ё муҳимро ишора кунед. Дар ҷиҳозҳои электронӣ аллакай имкони қайд кардани сатрҳои лозима мавҷуд аст. Дар китобҳои чопӣ бошад онро метавон бо кӯмаки қалам ба ҷой овард. Ҳамчунин маълумоти бароятон зарурро, ки метвонад дар оянда кӯмакрасон бошад, дар як дафтарчаи алоҳида қайд кунед;

Хониш, таҳқиқ, тадқиқ ва омӯзиши маълумот раванди муҳим ва дар айни ҳол мушкил ба ҳисоб меравад. Вале, агар онро пай дар пай, бинобар дурнамо ва низоми лозима ба роҳ монед, аз раванди он ҳатто завқ мегиред. Ҳар нафар қобилияти донишомӯзиро доро аст, вале раванди азхудкунии он дар ҳама гуногун аст. Ҳар кӣ услуб ва низоми барояш хосро кашф кунад, дар тӯли зиндагӣ муваффақ хоҳад буд.

–Достиев Неъмат

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s