Торти хонагӣ бо крем ва буттамеваҳо

Бисквит: 150 гр. орд, 1 қошуқча нармкунаки хамир, 130 гр. равғани маска, 100 гр. шакар, 1 халтача шакари ваниладор, 1 дона тухм, 4 дона зардии тухм, каме намак, тарошаи пӯсти лиму;

Крем: 250 гр. маскарпоне (навъи панири италиявӣ), 250 гр. сливки (35% равғанин), 1 қошуқ шакари бо ванила омехта;

Ороиш: 100 гр кайҳа, 100 гр. черника, 150 гр. қулфинай;

Қолаби 20 см барои тортпазӣ. Дохили қолабро бо маска молида, каме орд пошед ва дар дохили қолаб коғаз гузоред. Тафтдонро то 170 °С гарм кунед;


1. Барои омода намудани хамир гармии тамоми маҳсулот бояд дар дараҷаи хонагӣ бошанд. Равғани маскаро бо шакар, шакари ваниладор ва намак то ранги зардинаи кремӣ гирифтан бо ҳам лат диҳед. Зардии тухмро бо навбат дутогӣ андохта лат диҳед. Баъд як дона тухмро низ илова намуда, боз ҳам лат диҳед.

trio

2. Ба махлути тайёршуда орд, нармкунаки хамир ва тарошаи пӯсти лимуро ҳамроҳ карда хамир кунед.

korj3. Хамири тайёршударо ба қолаби тортпазӣ ҷой карда, онро хунук кунед (шумо метавонед дар ин шакл қолаби хамирдорро то ду рӯз дар яхдон нигоҳ доред). Баъдан ба тафтдон гузошта дар дараҷаи 170 °С гармӣ муддати 40-50 дқ пазед. Баъд аз пухтан аз тафтдон бароварда як сӯ гузоред, хунук шавад.

4. Барои омода намудани крем сливкиҳоро то фах кардан лат диҳед.


final.png5.
Панири маскарпонеро бо шакар аралаш кунед, лат надиҳед. Сливкаҳои латдодаро қисм ба қисм илова намуда, ҳамаро аралаш кунед.

6. Креми тайёршударо ба болои коржи торт гузоред. Баъдан онро бо буттамеваҳои шуставу хушккардашуда оро диҳед.

– Ирина Чадеева, “Пироговедение”

Advertisements

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s