Муҳаббати модар

Ҳини заминларзае дар Ҷопон гурӯҳи наҷотдиҳандагон ба маконе мерасанд, ки ҷавонзане зиндагӣ мекард. Аз миёни вайронаҳо ҷасади занро пайдо мекунанд. Шакли зан дар байни вайронаҳо каме аҷиб менамуд. Гӯё дар ҳолатест, ки бо дастонаш чизеро дошта, ба зону нишастааст.

Маълум аст, ки хона болояш чаппа шудааст, аммо бо вуҷуди ин сардори наҷотдиҳандагон бо умеди ин ки шояд зан зинда бошад, наздиктар меравад. Мутаассифона, вай дерест мурдааст.
Гурӯҳ мехоҳад, ки ба макони дигар гузашта, ягон нафари зиндамондаро наҷот диҳанд, аммо сардори онҳо аз сӯрохе дар назди зан ба зер нигоҳ мекунад ва фарёд мезанад, ки ба наздаш биёянд. Сардор нидо мекунад: Кӯдак! Кӯдак ҳаст, дар он ҷо кӯдак ҳаст!

Гурӯҳи наҷотдиҳандагон баъди хеле кор кардан тахтапораҳоро аз болои зан дур меандозанд ва дар зери ҷасади зан, дар матои гулдоре кӯдаки тақрибан семоҳаро пайдо мекунанд. Маълум, ки зан дар охирин ҳамла худро барои наҷоти тифлаш сипар кардааст. Вақте кӯдакро мегиранд, ҳанӯз хоб аст.

Духтур дартоз меояду кӯдакро муоина мекунад. Вақте парпечи кӯдакро мекушоянд, аз дарунаш телефони мобилиеро меёбанд. Рӯи телефон ин ҷумла навишта шудааст:
“Агар наҷот ёбӣ, ба ёд овар, ки дӯстат медорам!”

– Башир Усмон, “Ҳадяи зиндагӣ” 

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s