Монеаҳои рушди солими кӯдакро аз байн бардоред!

Афсӯс, на ҳар падару модар аз рафторҳои фарзандашон бо хубӣ огоҳанд. Бахусус ҳолати рӯҳии кӯдак заминаи шахсияти ӯро мегузорад. Ҳарчанд волидайн гумон мекунанд, ки барои рушди солими фарзанд танҳо бо ғизои кофӣ таъмин кардан, либосаи тозаву озода пӯшонидан, сиҳату саломат ба воя расонидан басанда аст, вале доир ба таассуроти кӯдакон нисабти муҳит ва ҳодисаҳои дар ҳаёти онҳо рухмедода бепарво рафтор мекунанд.

Яке аз равоншиносони амрикоӣ чунин рафтори волидайнро дар таҷрубаи кории хеш мушоҳида намуда, бо изтироб изҳори назар мекунад: “Ҳангоми бо табобати кӯдакон машғул шудан, инро мушоҳида кардаам, ки аксар бемориҳои онҳо заминаи равонӣ доранд. Вақто оид ба ин мушкилот бо нафароне, ки масъули тарбияи кӯдак ҳастанд суҳбат мекунам, онҳо аксар вақт бепарвоёна рафтор мекунанд. ‘Ҳоло кӯдак аст, мегузарад!’ –гӯён машваратҳоямонро сарфи назар мекунанд. Аксар вақт ба ин гуна ҷавоби калонсолон асабӣ мешавам. Охир кӯдак ҳам соҳиби шахсият ва олами худаш аст”. Чунин бепарвоии калонсолон на танҳо дар кишварҳои ғарбӣ, балки дар кишварҳои аксар аҳолияш мусулмон ҳам дида мешавад. Ҳарчанд таълиму тарбияи арзишҳои маънавии шарқӣ оид ба тарбияи кӯдак меъёрҳои муҳиму лозимаро муайян кардаанд, вале волидайн аксар вақт онҳоро нодида мегиранд ва ё тамоман бехабаранд.

Бо таассуфи зиёд гуфтан мумкин аст, ки ҳама ин аз ҷаҳолат сарчашма мегирад. Ҷомеае, ки худро аз донишомӯзӣ таҷрид кардааст, доир ба тарбияи кӯдак чӣ донад? Адами эътибор ба тарбияи кӯдак маҳз дар ҷомеаи ин гуна кишварҳо дида мешавад. Бояд эътироф кард, ки ҷомеаи тоҷикистонӣ ҳам аз ин иллат орӣ нест. Ҳол он ки теъдоди қисми зиёди аҳолиро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд. Чанд нафар аз падару модарон барои тарбия ва рушди солими фарзанди худ адабиёти лозима, китобҳо оид ба тарбия ва таълими кӯдак хондаанд? Чанд нафар аз волидайн барои ба воя расонидани насли солим дар семинарҳои ихтисосӣ-омӯзишӣ ширкат варзида, аз коршиносони соҳа машварат-тавсияҳо гирифтаанд? Аз ин рӯ, то вақте ки падару модар аз ҳоли батолат ба сатҳи баъдинаи идрок ва шуур нарасанд, он насле, ки бояд барои истиқболи ватану миллаташ хизмат кунад, тарбия нахоҳад ёфт. Дар навбати худ падару модаре, ки худро аз вартаи ҷаҳолат раҳо кардаанд, бо тарбияи кӯдак ҳам бошуурона машғул мешаванд. Волидайне, ки аллакай ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд, бояд атрофиёнро низ аз ҷиддияти ин вазъ огоҳ кунанд.

Якқатор омилҳои беруна ва дарунае, ки кӯдакро бо муҳит ва ҷомеа доим дар робита қарор медиҳанд ва барои ҳаёти мустақилона омода мекунанд, инҳо мебошанд: робитаи падару модар бо кӯдак аз рӯзҳои аввали таваллудаш; гуфтор ва рафтори онҳо нисбат ба фарзанд бинобар синну сол; интихоби доя ва мураббиён; муҳити оилавӣ дар маънои васеи он; расонаҳои хабарӣ, телевизион, интернет, нашрияҳо, адабиёт ва маводи хониш; таъсири маҳалла, дӯстон, мактаб ва ҷомеае, ки кӯдак ба сар мебарад.

Барои тарбия ва рушди солими фарзанд волидайн бояд ба нозукияти чунин омил ва таъсирҳои берунаву даруна эътинои зиёд нишон диҳанд. Дар баробари он тавсияҳои дар поён овардашуда низ аз маъно ва эътибор холӣ нестанд:

Таълими мақсаднок ва ҳадафгузорӣ бинобар синну соли кӯдак;

Рафтор ва гуфтори волидайн, ки барои тарбияи кӯдак мусоидат мекунад, бояд миёни ҳам мувозинат ва ҳамоҳангӣ дошта бошад;

Дар таълиму тарбияи кӯдак аз сахтгирӣ ё сустмонӣ ҳазар кунед, риояи эътидол муҳим аст;

Амалу гуфторҳои ноҷои кӯдакро бардошт карда, хушмуомила бошед;

Ҳар вақте ба кӯдак аксуламал нишон медиҳед, аз ҳад зиёдравӣ накунед;

Рафтор ва гуфторҳои накӯи кӯдакро лутф кунед;

Дар мавриди хатокории кӯдак ӯро ҳатман таъдиб дода, аз хатои кардааш огоҳ намоед;

Муайян ва огоҳ кардани хатоҳо ва рафтору кирдори ношоистаи ў ва дар доираи мантиқ фаҳмондани нодурустии он гуна амалҳо;

Кӯдакро азиз дореду қадр кунед, инро кӯдак бояд ҳис кунад;

Ба шахсият ва сифатҳои шахсии кӯдак арҷ гузоред;

Ба кӯдак ҳаққи ибрози сухан диҳед;

Кӯдак бояд донад, ки бо шумо ӯ дар амн аст;

Раванди инкишофи равонӣ ва иҷтимоии кӯдакро бо эътинои зиёд зери назорат қарор диҳед;

Волидайн ва ашхоси аз тарбияи ва таълими кӯдак масъул мушкилот ва душвориҳои равонӣ-зеҳнии худро ба кӯдак ҳамл накунанд, алами асабонияти шахсиро аз кӯдак набароред;

Арзишҳои маънвии мо ва ҳамчунин вазифаи одамиямон моро водор мекунад, ки кӯдакро ҳамчун амонат пазирем. Амонат ашёе нест, ки аз он ҳар гунае ҳавову ҳавасамон хост, истифода кунем. Он ба мисли гавҳараки чашм аст, ки бояд бо эътинои зиёд ҳифз карда шавад. Зеро рӯзе аз он пурсида хоҳем шуд.

–таҳияи Садбарги Ҳаким


Баъд аз 3-солагӣ аллакай дер мешавад!
Наққоши ақлу дили кӯдак бошед!
Фарзандам аз ҳад зиёд ба худ фурӯбаста аст, чӣ кор кунам?

5 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s