Мушакҳои чашм низ ҳамчун мушакҳои дигари бадани одамӣ ба тамринҳои доимӣ ҳоҷат доранд. Зеро бо гузашти вақт ва фишори зиёд ҳангоми кор бо матн, хониш ва рӯ ба рӯи монитори ҷиҳозҳои электронӣ нишастан, биноии чашм заиф гашта, инсонро водор мекунад, ки айнак пӯшад. Аз ин рӯ табибон як қатор тамринҳои махсусро барои боқувват кардани мушакҳои чашм тавсия медиҳанд, ки метавонад шуморо аз “султа”-и айнак раҳо кунад.
– Дар давоми рӯз чашмонатонро аз ҳад зиёд монда накунед. Барои ин ҳар 2-3 соат пас чашмҳоро барои 1-2 дақиқа пӯшеду лаззати оромиро чашед;
– Дар сурат 16 навъ тамринҳои осон оварда шудаанд, ки дар давоми рӯз онҳоро ҳатман бо тартиби ишоратшуда ба ҷой оред. Ҳарчанд ба ҷой овардани тамринҳои мазкур 5 дақиқаатонро мегиранд, вале то охири ҳаёт чашмонатонро солим нигоҳ медоранд:
– Агар айнак барои биноӣ мепӯшида бошед, пас дар давоми рӯз муддати пӯшида гаштани онҳоро кам кунед. Вақте аз онҳо истифода намекунед, кашида яксӯ гузоред;
– Зуд-зуд бо ду ангушт чашмони пӯшидаатонро оромона масҳ намоед. Ҳангоми маҳс кардан бояд болои чашмонатон фишори фораме ҳис кунед, дард не. Ҳангоми маҳскунӣ ангуштонро бинобар сурат зайл ҳаракат кунонед;
– Ҳар вақто ба кӯча мебароед, бештар ба уфуқ нигоҳ кунед. Ашё ва предметҳои дар дурӣ қарор гирифтаро тамошо кунед;
– Ҳар рӯз оби сабзӣ нӯшед. Барои таъсири бештар ба оби сабзӣ 1-2 чакра равғани зайтун чаконед. Равған таъми оби сабзиро вайрон намекунад, баракс таъсири шифоияшро қувват мебахшад;
– Ҳар вақто чашмонатон хаста мешаванд, онҳоро бо оби ширгарм шӯед;
– Ду соат пеш аз хоб кардан тамоми кор бо монитори ҷиҳозҳои электрониро ба анҷом расонед. Телефон, компютер ва телевизорро аз худ дур кунед;
– Ҳамчунин метавонед тамрини зайлро ба ҷой оред:
Рӯ ба рӯи предмете, ки дар байн гузошта шудааст, шинед (он метавонад шамъ ҳам бошад). Тамоми диққататонро болои он тамаркуз кунед. Миҷа назанед. Ҳар қату хусусияти предметро дар майнаи сар нақш кунед. Баъд чашмонатонро пӯшида, шаклу нақши предметро тасаввур кунед. Тақрибан 10 дақиқа предметро дар майнаи сар тасаввур карда, болои он тамаркуз шавед. Мақсад аз иҷрои тамрин он аст, ки то монда шудани чашм нақши предметро дар тасаввур зинда кунед.
Саломат бошед!
One Comment Add yours