5 тавсия ба қаламкашони навроҳ аз Ҷорҷ Оруэлл

Қобилияти навиштан ва фикри худро ба рӯи коғаз рехта тавонистан ягон вақт чизи барзиёду нозарур набуд. Хоҳиши навиштан дар ҳар яки мо пайдо мешавад, вале бештари вақт эҳсоси “мабодо хато кунам” ё “ҳавас дорам, аммо маҳоратам намерасад” шавқи моро мекушад. Ё ин ки муддате ба навиштан мепардозем, мебинем, ки навиштаҳоямон чандон ҷолибу муассир нестанд, аз идомаи роҳ худдорӣ мекунем.

Дар ҳамин ҳол нависандаи шаҳири англис Ҷорҷ Оруэлл ба навроҳони дунёи нависандагӣ панҷ тавсия додааст:

1. Аз истифодаи маҷоз, муқоиса ва сабке, ки дар китобҳо вомехӯред, дурӣ ҷӯед. Ин чиз дар навбати аввал содда намояд ҳам, чандон осон нест. Одатан ҳини нигоштан ба зеҳни мо аввалтар аз ҳама ифодаву ибораҳои аз ҳама маъмул меоянд. Он ибораҳо бо он ҷолибанд, ки бурро ва қатъӣ садо дода, бароямон фаҳмову ошноянд. Вале маҳз барои ҳамин маъмул буданашон набояд аз онҳо истифода кард. Чунки ин ифодаҳо ба қавле “забонзада”-анд ва ба эҳсоси хонанда чандон таъсир расонда наметавонанд;

2. Барои ифодаи фикр пеши шумо гоҳо калимаҳои мураккаб қарор мегиранд. Агар онҳоро ба калимаҳои кӯтоҳу соддатар иваз кунед, беҳтар мебуд. Чаро ки калимаҳои мураккаб нависандаро дар чашми хонанда оқилу донишманд нишон намедиҳад, балки вокуниши бараксро ба бор меорад. Аз хотир набароред, ки барои хонанда қабул ва фаҳм кардани калимаву ибораҳои мураккаб нисбат ба ифодаҳои содда мушкилтар аст; 

3. Аз калимаҳои барзиёд дурӣ ҷӯед. Адиби амрикоӣ Эзра Паунд гуфта буд, ки адабиёти классикӣ ҳамон ифодаву калимоти содаанд, вале бо мазмуни баланд мусаллаҳ гаштаанд. Мусаллам аст, ки ҳар як калимаи ҷумлаи абзатси бутун агар барои маъно пайдо кардани он нақш набозад, нолозим аст ва қабули матнро мушкил мегардонад. Муъҷазбаёнӣ ҳамеша хоҳари маҳорат будаву ҳаст;

4. Дар ҷое, ки ифодаи фикр бо ҷумлаҳои реалӣ имкон дорад, аз истифодаи ҷумлаҳо ва ибораҳои туфайлӣ худдорӣ кунед. Аксари навқаламон ин тавсияро сарфи назар мекунанд. Шояд аз он сабаб, ки онҳо миёни ифодаи туфайлӣ ва реалӣ фарқ гузошта наметавонанд. Ҳоло он ки ифодаи реалӣ ҳама вақт беҳтар мебошад, чун кӯтоҳ асту муассиртар баён мегардад;

5. Дар матн аз истифодаи истилоҳоти мураккаб ва илмӣ дурӣ ҷӯед. Агар имкони соддатар ва бо забони модариатон ифода кардани он мавҷуд бошад, беҳтар аст ин тарзро ба кор баред. Кӯшиш кунед тарзе иншо намоед, ки матни шумо ҳам барои доктори илм фаҳмо бошад, ҳам барои зани хонашину ҳам ба хонандаи мактабу ҳам ба ашхоси бемаълумот. Зимнан, шарт нест, ки шарҳи иловагӣ бидиҳед (хонанда фикр мекунад, ки шумо ӯро кундзеҳну ҳафтафаҳм мешуморед) танҳо кӯшиш кунед ба аудитория кӯмак расонед, то ҳар чизеро, ки шумо ба вай расондан мехоҳед, бифаҳмад.

–таҳияи Башир Усмон


Дидор
Ҳадяи зиндагӣ

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s