Бузургони олами маънавиёт: Ҳабиби Аҷамӣ-1

Ҳабиби Аҷамӣ, яке аз сарватмандони Басра буд, ки дар асри дуюми ҳиҷрӣ зиндагӣ кардааст. Ӯ, ки аз ҳаёти номашрӯъ ва саршори гуноҳ баргашта, зиндагиашро дар асоси дину маънавиёт ба роҳ монда буд, ба дигарон дар баробари оинаи ибрат шуданаш инчунин умедворкунанда низ гардида буд.

Ҳабиби Аҷамӣ форс буд ва дар Басра тиҷорат мекард. Аммо чӣ тиҷорате? Маблағи доштаашро бо фоиз ба одамон қарз медод ва ба ночориву нотавонии касе нигоҳ накарда, ба болои он фоиз илова мекарду ба василаи рибохӯрӣ сарват меғундошт. Ҳатто кӯдаконе, ки ӯро дар кӯчаҳои Басра медиданд, дар ҳол тохта аз ӯ дур мешуданд:

– Гурезед, Ҳабиби рибохӯр меояд, гурезед, то бо чанги роҳи ӯ шумо ҳам ба ифлосӣ олуда нашавед, – фарёд мезаданд кӯдакон.

Аҷамӣ рӯзе бо як мард рӯ ба рӯ мешавад. Он шахс ба ӯ мегӯяд:

– Муҳтарам, ту ба инсони меҳрубон монандӣ, аммо роҳе, ки зиндагиатро бо он мегузаронӣ, зеби чунин инсони меҳрубон нест. Биё, ту аз ҳамин рибохӯрӣ, ки боиси азияти мардуми бечора аст, баргард, ризқатро бо роҳи ҳалол пайдо кун. Агар нафсатро розӣ кунонда наметавонӣ, бирав ба Ҳасани Басрӣ гӯш деҳ. Шояд ба қалбат илҳом меояду мадади Худованд ба ту мерасад.

Он марди холис, ки дар ин мавзӯъ исрор варзид, дар Ҳабиб нисбати Ҳасани Басрӣ мароқ зоҳир кард. Яке аз рӯзҳо ба маҷлиси Ҳасани Басрӣ рафту ба гӯшае нишаста, ба сӯҳбаташ гӯш андохт. Мутаҳайир шуд. Чунон нарму мулоим ва меҳрубонона сӯҳбат мекард, ки гӯё ба мағзи устухони кас таъсир мекард. Як рӯз, ду рӯз ин ҳолат давом кард ва ӯ мафтуни Ҳасани Басрӣ гардид. Ӯ минбаъд нафсашро накӯҳиш кардан гирифт ва дар натиҷаи ин боре дар кӯча чунин эълон кард:

– Эй мардуми Басра! Минбаъд онҳое, ки аз Ҳабиб қарздоранд, озодона дар кӯчаҳо гашту гузор кунанд, чунки Ҳабиб ҳамаи қарзҳоеро, ки бо фоиз дода буд, аз барои ризои Худо бахшид! Бидонед, ки аз ин рӯз эътиборан касе аз Ҳабиб қарздор нест!

Бо ин ба мардуме, ки аз Ҳабиб қарздор буданду то ин дам аз хона берун баромада наметавонистанд, гӯё шодӣ ато карда бошанд, ҳама хурсанд буд. Аммо Ҳабиб бо ин ҳам қонеъ намешуд. Қарзҳояшро бахшида буд, вале то ин рӯз аз мардум фоизи зиёд гирифта буд ва ҳамаи он ҳузурашро халалдор мекард. Намехост ҳамчун нафаре зиндагӣ кунад, ки рибо хӯрдааст. Ин дафъа низ ба мардум хитоб карда чунин гуфт:

– Ҳар касе, ки ба Ҳабиб фоиз пардохта бошад, биёяду фоизашро бигирад. Минбаъд ӯ ҳамаи фоизҳои гирифтаашро ба соҳибонашон бармегардонад, намехоҳад, ки ҳаққи касе дар гарданаш боқӣ бимонад.

Ин дафъа онҳое, ки ба ӯ фоиз пардохта буданд, пушти дари хонаи Ҳабиб навбат истоданд ва маблағашонро пас гирифтанд.

(давом дорад)


Маъруфи Кархӣ
Advertisements

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s