Шахси муваффақ соҳиби одатҳои муваффақ аст!

Башарият аз рӯзи аввали пайдоишаш доим аз пайи такомул ва пешрафти ҳаёти моддиву маънавӣ аст. Чун мизоҷи ҳар як инсон гуногун аст, пас омилҳои муайянкунандаи он – арзишҳои моддиву маънавӣ низ барои ҳар фард гуногунанд. Он арзишҳо инсонро водор мекунанд, ки ҳаётро ҳарчи беҳтару хуштар гузаронад. Чун калимаҳои “хуштару беҳтар” барои ҳамагон нисбиянд, майлу талош барои ноил шудан ба он ҳаёти орзудошта доим норасида хоҳад монд. Аз ин рӯ худи раванди ба орзу ноил гаштан касро тарбия дода қавиирода мегардонад. Вале муҳим ин аст, ки оё худи инсон ба чунин дигаргуниву рангингардии ҳаёташ тайёр аст, ё не?!

Агар касро пурсем, ки барои хушбахтӣ ва ҳаёти шоиста инсонро чӣ лозим аст? Ҳатман сарвату дороӣ, ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, имони комил барин посухҳои гуногунро мешунавед. Вале агар пурсон шавем, ки чӣ фидокориеро ҳозир аст ба ҷо орад, то соҳиби он авсофи хушбахтӣ шавад, эҳтимол чавоби на ҳар кас чунон рангину гуногун хоҳад гашт.

Барои тоҷире, ки ҳар субҳ дари дӯконашро соати 8:00 барои мардум мекушояду соати 21:00 онро мебандад, шояд барои боз ҳам муваффақтар шуданаш танҳо кофӣ аст, ки минбаъд дӯконашро як соат барвақттар кушояду як соат дертар дарашро бандад. Ё донишҷӯе, ки мехоҳад дар таълимаш боз ҳам муваффақтар шавад, шояд кофӣ аст, минбаъд аз хоб як соат барвақттар хезаду шабона як соат дертар бихобад. Ҳамин тавр ҳам тоҷир ва ҳам донишҷӯ дар ҳаёти касбиву илмомӯзӣ ҳар рӯзе ду соати иловагӣ барои рушди моддӣ-маънавияшон пайдо мекунанд. Ин нишондод тақрибан 730 соати иловагиро дар як сол ташкил хоҳад дод, ки баробар ба 1 моҳ аст. Вақте ҳамагон дар як сол 12 моҳ зиндагӣ мекунанд, шахси муваффақ 13 моҳ зиндагӣ хоҳад кард. Танҳо кофӣ аст, ки чунин инсон ҳар рӯзе 2 соати иловагӣ аз ҳаёти бароҳаташ фидо кунад.

Дар ҳаёт шахси муваффақро доим чунин одатҳои муваффақ роҳнамо мешаванд. Одатҳо худ меъёр ва муайянкунандаи низоми зиндагии шахсанд. Одатҳои хуб инсонро сӯи ҳаёти шоиста роҳнамоӣ мекунанд. Дар баробари ин одатҳои бад инсонро ба ҳаёти хушку холӣ, беҳадаф ва бесомон бурда мерасонанд. Чун роҳ ба сӯи қуллаҳои муваффақият осон нест, бо як чанг задан ҳам соҳиби одатҳои хуб шудан кори саҳл нест. Аммо вақте инсон аҳамият ва подоши он самтро дарк мекунад, ҳар қадами дар он роҳ монда барояш завқ мебахшад. Маҳз ана ҳамин шуур мақоми иҷтимоӣ, сифати ҳаёт ва арзиши тоҷир, донишҷӯ, муаллим, мактабхон, зани хонашин ва дигаронро ҳам дар назди Ҳазрати Ҳақ ва ҳам дар назди кулли халқ муайян мекунад.

Муваффақ бошед!


Роҳбалади нафарони қавиирода
4 қоидаи лидери муваффақ
Ҳаёти созанда аз нақшаи рӯз оғоз меёбад

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s