Бо ин ҳама Ҳабиб дар назари мардум чунон соҳибэҳтиром гардид, ки вақти аз роҳ гузаштанаш кӯдакон ба ҳамдигар мегуфтанд:
– Гурезед аз роҳ, ки Ҳабиби тавбакор меояд. Гурезед, то чанги пои мо ӯро нороҳат насозад.
Акнун собиқ сарватманд дигар имконе надошт, ки эҳтиёҷоташро бароварда созад.
Ҳамчунин чанде нагузашта ҳамсараш ӯро огоҳ кард:
– Муҳтарам! Хӯрока ҳам тамом шуда истодааст. Акнун вақти он расидааст, ки ба бозор бароӣ ва коре ёбӣ, вагарна гуруснагӣ дар мекӯбад!
Акнун Ҳабиб як пиёдагарди корҷӯй буд. Аммо кори меҷустааш ба зудӣ пайдо намешуд. Боз ҳам дар сӯҳбатҳои Ҳасан Басрӣ иштирок мекард ва ҳам дар пайи кори муносиб мешуд. Ҳар боре, ки ҳамсараш мепурсид:
– Коре пайдо кардӣ?
Ӯ ҷавоб медод:
– Бале, дар назди як нафари хеле сахӣ кор мекунам, ки ӯ бар ивази як даҳ медиҳад. Бинем канӣ, ба мо чӣ хоҳад дод?
Ӯ бо ин суханҳои маънодор ояти фармудаи Худовандро дар назар дошт, ки “бар ивази як некӣ даҳ медиҳам” мегӯяд.
Як бегоҳ чун ҳар вақта бо дастони холӣ ба хона бармегашт ва ба фикр рафта буд:
– Ҳоло ман ба ин зани маъсум чӣ мегӯям? Дар хона ҳам хӯрока тамом шудааст. Ӯ бо ин фикрҳо ба хона расида омад ва дар остона халтаҳои паси ҳам сафкашидаи хӯрокаро дид. Ба ин ҳама сарфаҳм намерафт. Ҳамин вақт ҳамсараш, ки ба саҳни дар омада буд вазъиятро шарҳ дод.
– Дар ҳақиқат нафаре, ки корашро мекунӣ хеле саховатманд будааст. Ана, бин! Даҳ халтаи пур аз хӯрока фиристодааст ба мо.
Собиқ қарздорҳои Ҳабиб аҳволи ӯро чанд вақт боз назорат мекардаанд. Ҳолати танги ӯро дида гуфтаанд, ки “акнун навбати кӯмакрасонии мо аст” ва халтаҳоро аз хӯрока пур карда ба хонаи ӯ бурдаанд.
Ҳабиби Аҷамӣ, ки инро сарфаҳм меравад, чунин мегӯяд:
– Хонум, ман гуфта будам дар назди касе кор мекунам, ки бар ивази як даҳ медиҳад. Мо аз барои Худо як бахшиш кардем, Ӯ низ даҳ баробари онро ба мо дод. Пас маълум мешавад, ки агар инсон аввал ният, сипас амалҳояшро дуруст кунад, Худованд ҳам муомилаашро бо ӯ дуруст мекунад. Барои ин танҳо як бозгашти самимӣ барои инсон кифоя аст!