Нидои тифли гаҳвора

Субҳат ба хайр, модарҷон,! Дишаб бо гиряву беқарориям зиёд азиятат додам, бехобиҳо кашидӣ, ҳарчанд сари гаҳвораи ман то қиёмат нишастан хастаат намекунад, лекин чашмони хунхобатро мушоҳида кардам. Ту ин қадар пуртобу тоқатӣ нисбати ман, ки боре дар ғамхориҳоят костагиҳо надидаам. Кунун дар дами субҳ, ки билохира аз гиря боз мондам, ту низ роҳат шудӣ ва зиёд вақт нагузашта, ки ин қадар ширин мехобӣ.

Намедонам чӣ мекардам, агар ишқ ва шӯру шавқи модариат болои сарам намерехту шабҳои дароз дар бедориву бехобиам бо чашмони нурборат, нигоҳҳову ғамхориҳову садои меҳрангезат навозишам намекардӣ, аллаам намесурудӣ, оромам намесохтӣ, зи шири сеҳрофаринат нерӯву тавонам намебахшидӣ, чӣ мекардам?! Ҳоло, ки тифли гаҳворааму аз назари калонсолон гӯё ақлу ҳушу фаҳмише надорам, бидуни ёриву парастории ту калону роҳгардон шудан як тараф истад, зинда монданам муҳол аст. Ҳатто ман пашшаеро аз рӯям дур карда наметавонам. Ин ҳама фидокорӣ дар ниҳодат чӣ гуна падид омада бошад? Бароям ҳайратовар ва муъҷиза менамояд. Муъҷизае, ки танҳо аз ҷониби Mуъҷизакори моҳир омада метавонаду бас. Пас, сано ба он Xолиқи муъҷизаофарат! Сано! Пас, шукр бар он Oфаридгор! Шукр! Сипос бар он Mеҳрофаринат! Сипос!

Чандест ният дорам ба як суолат, ки ҳамеша нороҳату безобита ва хавотират месозад, посух бигӯям: дилат зуд-зуд пуршиддат мезанаду ларзаҳои ҷонат бештар мегардад ҳар боре, ки садои гиряҳои бемавриду бесабаби маро мешунавӣ. Дарҳол аз чашму пешониву гардану сару рӯям ба таҳқиқ хабар гирифта сабаби онро фаҳмиданӣ мешавӣ, ҳатто чандин бор назди табиб бурдаияму боз ҳам посухи «ҳамааш хуб аст, кӯдакатон дарде надорад, чаро ин қадар хавотир мешавед?! Кӯдак аст, гиристан табиати ӯст. Бештар ҳангоме ки гурусна монд, садову ғавғо баланд мекунад. Ин муқаррарист, модари ҷавон!» қонеат накардааст, чунки хӯроки маро ҳамеша дар вақташ омода месозӣ, ҳеҷ гоҳ дар бобати саломатиам хунукназарӣ намекунӣ. Модарҷон, дуруст пай бурдӣ, гиряи ман аз ин нест, балки аз он аст, ки ҳеҷ наметавонам нигарониҳои хешро дар бобати ояндаам дур созам.

Боре шунида будам, ки назди як олиме кӯдаки чилрӯзаро оварданд, то бо ин барвақтӣ дар тарбияти ӯ бипардозад ва инсони комилу ҳақпарасту муваффақе ба воя бирасад. Он шахс посух чунин додааст, ки  аллакай дер шудааст. Пас «дер шудааст»  гуфтани ӯ чӣ маънӣ дошта бошад?  Ман дар ҳикмати ҳамин посух рӯзҳову шабҳо бехобиву бетобӣ мекашам.

Фақат ҳайрон машав, ки дар ин синну соли кӯчакам чӣ тавр идроку фаҳм дошта метавонам. Ин шумо – калонсолон мепиндоред, ки кӯдаки гаҳвора «ақл надорад». Ҳол он ки Худованди Карим, мо – кӯдаконро  ҳамон лаҳзае ки дар батни модар пайдо мешавем, ҳиссу эҳсосот мебахшад. Хислату хӯву ақлу қобилияти қабули ангезаҳои дохил ва берун аз батни модарро аз ҳамон замон насибамон мекунад. Мо аллакай дар 16-17-умин ҳафтаи истиқомат дар батни модар қудрати шунавоӣ пайдо мекунем.

Маҳз ҳамин масъала азиятам медиҳаду ин фикр метарсонадам,  ки ҳикмати дер шудан дар тарбияти он тифл шояд он аст, ки модару падараш қабл аз издивоҷу тарбияи насл сараввал дар фикри беҳбудии ахлоқи худ мешуданд, ё шояд он аст, ки ҳангоми дар батн инкишоф ёфтани тифл андешаи бо кадом роҳ ба даст омадани луқмаҳои модар мешуданд, ё шояд он аст, ки чашму ҳушу гӯши модар ҳангоми ҳамлу баъди он ба дидани зебоиву покӣ нигаронида мешуду афкораш ба ҳис кардани хубиҳову дуртар аз андешаҳои ногувор меистоданд, ё шояд ҳангоми ширдиҳиву хобонидану бедор кардану дар маҷмӯъ калон кардани тифлашон ӯро на мисли як зоча, балки мисли як инсоне, ки фардо шахсияти соҳибрисолат хоҳад буд, бошуурона ва мутафаккирона тарбият мекарданд?! Намедонам, аммо кош посухи онро мефаҳмидам ва ин қадар сахт нигарон намешудам.

Гиряи ман аз ин аст, ки агар туву падарам маро назди ҳамон марди фозил мебурдед, ба шумо чӣ посух медод?! Оё ман – фарзанди шумои азизонро қабул мекард, ё на?!

Модарҷон, дарди ман ин аст!

–Нилуфари Ҳайдаршоҳ


Собир
«Афсӯс, касе маро варақ намезанад!»

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s