Инферно

Китоб: “Инферно”

Муаллиф: Дэн Браун

Нашриёт: “АСТ”, соли 2016

Теъдоди саҳифа: 543

Забони китоб: русӣ


Ҷонсӯзтарин оташи дӯзах барои онҳое омода шудааст, ки дар замони буҳрони бузурги ахлоқиву маънавӣ бетарафиро интихоб кардаанд.

– Данте Алигери

Профессор Лэнгдон мутахассиси таърихи санъат ва рамзҳо дар палатаи яке аз беморхонаҳои шаҳри Флоренсияи Италия бедор мешавад. Ӯ ҳоло хабар надорад, вале башарият бо хатари бузург мувоҷҷеҳ шудааст ва танҳо профессор метавонад ҳамаро наҷот диҳад. Ҳалли ин мушкилот дар осори Данте адиби шаҳири италиявӣ бо рамзҳову асрори зиёд нуҳуфта аст. Аз ӯҳдаи ҳалли он асрор танҳо Лэнгдон баромада метавонад ва он ҳам танҳо бо шарте, ки ҳофизаи аз даст додаашро аз нав ба даст орад.

“Инферно” романи навбатии нависандаи амрикоӣ Дэн Браун мебошад. Ин нависандаро китобхонҳои ашаддӣ аз романҳои қаблияш бо номи “Ангелы и демоны”, “Код да Винчи” ва “Утраченый символ” мешиносанд. Силсила-романҳои Дэн Браун дар бораи профессори Донишгоҳи Гарвард Роберт Лэнгдон аллакай дилу ақли ҳаводорони жанри мазкурро фатҳ карда, мавзӯи ду филми ҳунариро ташкил додаанд. Инак романи “Инферно” ҳам мавзӯи филми ҳунарӣ гаштааст, ки эҳтимол, баъзе аз хонандагони сомонаи ОФТОБ аллакай тамошо кардаанд. Вале бешубҳа гуфтан мумкин аст, ки хониши худи китоб аз тамошои филм дида бештар завқ мебахшад.

Дар бароабри ҳаводорони жанри мазкур аз хониши китоб он нафароне ҳам ҳаловат хоҳанд бурд, ки бо достони Данте Алигери “Мазҳакаи илоҳӣ” ва санъати давараи Эҳёи Аврупо шиносанд ё ба он мароқ доранд. Зеро дар рафти авҷ гирифтани сюжети “Инферно” муаллиф дар бораи асарҳои безаволи ҳайкалтарош Микеланжело, таърихи шаҳри Флоренсия, меъморӣ, адабиёт, санъат, оилаҳои доро ва нафарони шаҳири он давр маълумот медиҳад. Хониши “Инферно” нафари соҳибзавқро дар даҳлезҳои таърихӣ роҳбалад шуда, дар айни замон хонандаро аз раванди воқеӣ дур намекунад.

Нашрияи “The New York Times” муҳтавои асари мазкурро пурасрор номида, қайд мекунад, ки калимабозиҳои Дэн Браун хонандаро аз саҳифаҳои аввали китоб то сатрҳои охирин сар надода ба худ тасхир мекунад. Нашрияи “USA Today” қайд мекунад, ки нақши на танҳо худи профессор Лэнгдон, балки нақши қаҳрамонҳои дуюмдараҷа низ дар сатҳи олӣ тасвир карда шудаанд. Ҳамчунин ногуфта намонад, ки кулминатсияи асар дар яке аз кишварҳои шарқӣ сурат мегирад.

Хониши романи “Инферно” ба ҳаводорони жанри роману детектив; соҳибзавқони соҳаи таърих, санъат, меъморӣ ва адабиёти Ғарб; муаллимон, донишҷӯён, меъморону адабиётшиносон ва умуман китобхонҳои ашаддӣ тавсия дода мешавад.

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s