Мавлуди акрам

Ҳоло дар моҳи ҳиҷрии мавлуди Паёмбари гиромӣ Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) қарор дорем. Ба гумонам фурсати хубест барои таҷдиди маълумот ва аз нав шинохтани ҳаёт ва шахсияти мумтозу муаллои Муҳаммади Мустафо аст. Ба хусус дар ин даврони мушавваши иҷтимоиву маънавӣ дар оинаи “Ҳақиқати Муҳаммадия” аз назар гузаронидани сифати зиндагонӣ ва ҳаёти маънавии хеш барҷо хоҳад буд.

Имрӯз ба сари уммат ҳар мушкилӣ ва мусибате мерасад аз кайфияти мусулмонии он аст. Мусулмонони саросари олам асрҳои тӯлонӣ боз аз ҳузур ва эътибор маҳрум мондаанд. Дар асл, гуфтан мумкин аст, ки ҳар гоҳе уммат аз шоҳроҳи Муҳаммадӣ дур шуд, ҳувияти хешро аз даст дода, залилу хор гашт. Ва якқатор ҳаракат ва фирқаҳои террористӣ-ифротие, ки арзи вуҷуд кардаанд, маҳз бо сабаби чунин ҷаҳолатзадагии уммат ба миён омадаанд. Ҳар гоҳе мусулмонон аз суннати Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам), усули таблиғ ва иршоди Ӯ ғофил монданд, ҳамоно дар масири умури дунявӣ овора шуда, василаи ба даст овардани саодати абадиро низ барои худ мушкилтар сохтаанд.

Адабиёт ва фарҳанги миллиямон аз осор ва маълумоти зиёд оид ба ҳаёт ва шахсияти он мояи ифтихори башарият ғанӣ буда, ҳам дар шакли назм ва ҳам дар шакли наср дастрасанд. Умед дорем ҳама бинобар завқ ва ҷаҳди хеш барои дубора шинохтан ва шиносондани суннат ва шахсияти Ҳазрати Муҳаммад Мустафо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) камари ҳиммат хоҳад баст.


Мураббии башарият
Advertisements

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s