Чаро кӯдакон дуздӣ мекунанд?

Хушахлоқу намунавӣ тарбия ёфтани фарзандон яке аз вазифаҳои муҳими падару модар дар оила ба ҳисоб мераванд. Бисёр муҳим аст, ки ин вазифа бекамукост ва дуруст ба роҳ монда шавад. Чун ҳар тарбияе, ки кӯдак дар муҳити оилавӣ аз худ мекунад, ба ҷомеа онро интиқол медиҳаду ҳамин тавр муносибати худро бо атрофиён месозад. Яке аз масъалаҳои ҳассос дар тарбияи атфол, ки равоншиносон бештар атрофаш гуфтаанд, ба дуздӣ даст задани кӯдак аст.

Равоншиносон бар ин ақидаанд, ки он хислати муваққатӣ буда, бо калонсолтар шудани кӯдак, ин хислат ислоҳ мешавад. Вале новобаста ба ин ҳар гоҳ, ки он дар амалҳои кӯдак мушоҳида шуд, бояд зуд пешгирӣ карда шавад. Бояд гуфт, дуздӣ кардани кӯдакон бо сабабҳои гуногун ба амал меояд. Кӯдак ягон чизро аз ҷайби падару модар ва ё аз хона бе пурсиш мегираду андеша ва ҳатто дарк намекунад, ки ин кораш нодуруст аст. Маҳз дар чунин вазъият волидайн муносибати дурустро бояд истифода баранд ва эҳтиётро аз даст надиҳанд. Рафтори муносибу дурусти волидайн метавонад боиси дубора даст задани фарзанд ба ин амали манфур гардад. 

Ба дуздӣ даст задани кӯдак заминаи равонӣ дорад. Ӯ чунин амалро сирф барои ҷалби диққати дигарон ба ҷой меорад. Диққат надодани падару модар ва кам гардидани муҳаббати калонсолон ба фарзанд низ яке аз омилҳои чунин рафтори беодобонаи ӯ буда метавонад. Дар он синну сол кӯдак ҳоло дарк намекунад, ки бо ин роҳ ӯ нафрати калонсолонро ба худ бештар мекунад. Адами эътибор ба фарзанд боиси пайдо шудани одатҳои номатлуб мегардад.

Сабаби дигаре, ки кӯдак ба ин амал даст мезанад, ин ҷалби диққати ҳамсолон ба худ мебошад. Ҳолатҳое мешаванд, ки кӯдак миёни ҳамсолонаш мавқеъ пайдо карда наметавонад ва ӯ бинобар шуур ва дарки иҷтимоияш бо ҳар роҳе мехоҳад бо онҳо ошноӣ пайдо кунад. Яке аз чунин роҳҳоро дар ҳадяи ашёи хона ба онҳо мебинад. Ӯ аз хона ва ё ҷайби падару модараш ҳар гуна қанду шириниҳоро бе иҷозат гирифта, ба рафиқонаш тақдим кунад. Бо ин васила “дӯстони ҷонӣ” пайдо мекунад. Бадбахтӣ дар он аст, ки ин намуди дӯстӣ дер намепояд, чунки ин дӯстон ба хотири чизе дӯстӣ мекунанд. Дар ин ҳолат кӯдак бештар кӯшиш менамояд, ки дуздӣ кунад ва дӯстони худро аз даст надиҳад. Аллакай чунин рафтори кӯдак ба як навъ маризие табдил меёбад, ки бе дахолати волидайн ин одат дар фарзанд торафт “реша” медавонад. Калонсолон, махсусан падару модар бояд чунон нозукона ва оқилона ба кӯдак ғалат будани ин рафторро фаҳмонанд, ки ӯ баракс озурдахотир ва дилшикаста нашавад. Кӯдак бояд дарк кунад, ки бад-ин васила бо дигарон ошноӣ пайдо кардан ғалат аст.


Агар кӯдак эрка калон мешуда бошад
Фарзандам аз ҳад зиёд ба худ фурӯбаста аст, чӣ кор кунам?
Таъсири аз ҳам ҷудошавии волидайн ба кӯдак

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s