Заминагузории малакаҳои муҳим дар кӯдак-1

Тарбияи фарзанд вазифа ва кори басо ҳассосу мушкил аст. Ҳарчанд дилдодагон дар рӯзҳои аввали изҳори ишқу муҳаббат ба ҳамдигар дар фикри фарзанддоршавӣ нестанд, вале воқеияти мазкур онҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ аз масъулияти таълим ва тарбияи фарзанд озод намекунад. Тарбияи фарзанд дар айни замон тарбияи фарди ҷомеа аст, ки он дар навбати худ сифат ва кайфияти худи ҷомеаро дар умум муайян мекунад.


Равоншиносон дар кӯдак инкишофи як қатор малакаҳои муҳимро қайд мекунанд, ки барои ташаккули шахсияти боризи ӯ нақш мебозанд. Хостем оиди инкишофи малакаҳои мазкур каме маълумот диҳем:

Малакаи изҳори назар

Дар кӯдак тарбия ва инкишоф додани малакаи изҳор ва устувор истодан болои назар ва фикри хеш бисёр муҳим аст. Ва тарбияи ин малакаро лозим аст аз синну соли хурдӣ дар ӯ инкишоф дод. Зеро чунин ҳолат характери баъдинаи кӯдакро муайян мекунад. Барои ин волидайн бояд ба самти фикрронӣ ва андешаронии созандаи кӯдак таъсири мусбат расонанд. Падару модар бояд нишон диҳанд, ки фикру андешаи кӯдак оиди ин ё он масъала муҳим аст. Бахусус, агар ин ё он масъала ба худи кӯдак рабт дошта бошад.

Дар рафти тарбия додани ин малака кӯдак бояд ҳис кунад, ки шумо ӯро мешунавед ва ба назару андешаи ӯ аҳамият медиҳед. Агар “Ҳоло кӯдак аст, чӣ мефаҳмад!” гуфта, фикрашро сарфи назар кунед, бо гузашти замон ӯ торафт дар худ фурӯбаста мешавад. Ва дар оянда ҳам, агар дар ҳалли масъалае фикру назараш пурсида шавад, ғайрифаъол монда атрофиён ба ҷойи ӯ қарор медиҳанд.

Ҳарчанд изҳори фикру ақидаи ӯ кӯдакона бошанд ҳам, онро гӯш карда, ҳалли лозимаро таклиф кунед ва дар доираи мантиқ барои чӣ ҳалли мазкур дурусттар аст, фаҳмонед. Ба кӯдак вақт диҳед, бигзор мустақилона роҳи ҳалро пайдо кунад. Ва ҳар вақте бо таклиф ва фикре наздатон меояд, ӯро лутфу меҳрубонӣ кунед.

Тамаркузият

Одатан кӯдакон болои машғалаҳое тамаркуз мешаванд, ки онҳоро ҷолибу завқбахш аст. Аз ин рӯ машғала ва фаъолиятҳои муштаракро, ки барояш фоидабахшанд, ҷолибу ҷозиб гардонед. Мисол, ҳангоми омӯзиши хатту савод ба кӯдак, аз он ки ҳарфҳоро болои қоғазе нависад, ҷолибтар мешуд ҳарфҳоро бо бӯрҳои ранга болои асфалт ё тахтаи синфӣ нависад. Ва ё боз ҳам барои завқи бештар бахшидан, бигзор ҳарфҳоро аз пластелин созад ё болои қоғазе нақш карда бо қайчӣ онро бурад. Дар ёд доред, ки рафтору гуфтори волидайн барои фарзанд намунаи ибрат аст. Аз ин рӯ барои таълиму тарбияи кӯдак вақти лозимаро ҷудо кунед ва дар ин вақти ҷудокарда бо дигар корҳо машғул нашавед. То чӣ андоза волидайн тамаркуз бошанд, кӯдак ҳам ҳамон андоза ҳангоми фаъолияту машғулиятҳо тамаркуз хоҳад шуд.

Ҳамчунин малакаи тамаркузиятро дар кӯдак метавон бо ёрии бозиҳои рӯимизӣ, расмкашӣ ва муаммосозӣ инкишоф дод. Илова ба ин вақто ҳамроҳи кӯдак барои гаштугузор ба кӯча мебароед, доир ба хусусият, ранг, ҳаҷм ва шакли ашё, парандагону ҳайвонот, одамону биноҳо суол кунед. “Ин мошин чӣ ранг аст? Кадоме аз ин биноҳо баландтар аст? Имрӯз ҳаво чӣ хел аст?” Ба кӯдак ба ин монанд саволҳо диҳеду ҷавобашро гӯш кунед. Агар лозим бошад, ҷавоби додаашро боз ҳам дақиқтар кунед. Ҳамин тавр малакаи тамаркузияти кӯдакро инкишоф диҳед.

Мустақилият

Ҳарчӣ тезтар кӯдак мустақилона амал карданро омӯзад, ҳамон қадар хуб аст. Зеро кӯдакон базудӣ калон мешаванд. Ва дар баробари калон шудан, масъулияту вазифаҳои дар ӯҳда доштаашон ҳам зиёд мегарданд. Дар аввал ин маҳорати мустақилона либос пӯшидан, дасту рӯ шустан, ба ҳоҷатхона рафтанро ташкил диҳад ҳам, баъдан иҷрои вазифаи хонагӣ барин ӯҳдадориҳои иҷрояшон мушкилтар хоҳанд буд. Бахусус мустақилият барин маҳорат ва малакаи лозима заминаи рафтору гуфтори кӯдакро дар ҷамъият ташаккул медиҳад. “Ҳоло кӯдак аст!” гуфта, ин малакаро саҳл нагиред. Ба қадри имкон ва бинобар тавоноиву синну соли кӯдак маҳорати мустақилиятро дар амалу рафторҳои рӯзмаррааш тарбия дода инкишоф диҳед.

–таҳияи Садбарги Ҳаким


Монеаҳои рушди солими кӯдакро аз байн бардоред!
Оё кӯдаконро бо ҳам қиёс кардан дуруст аст?
Наққоши ақлу дили кӯдак бошед!

6 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s