Заминагузории малакаҳои муҳим дар кӯдак-2

Дар ҷомеа ҳамоҳанг кор карда тавонистан

Аз синни хурдсолӣ кӯдак бояд омӯзад, ки дар маконҳои ҷамъиятӣ (ҳавлии назди хона, боғчаи кӯдакон, мактаб ва ғ.) низом ва қоидаҳое мавҷуданд, ки фарди ҷомеа онҳоро бояд риоя намояд. Яке аз чунин қоидаҳо бо атрофиён ҳамоҳанг зиндагӣ намуда, кор карда тавонистан аст. Ҳангоми омӯзиш ва тарбияи ин малака, ба ҳеҷ ваҷҳ кӯдакро бо дигарон муқоиса накунед. Зеро чунин ҳолат метавонад вокуниши манфиро ба бор орад. Беҳтар мешавад, ки ҳангоми бо дигар кӯдакон дастаҷамъона ва ҳамоҳанг кор кардани фарзанд, хислат ва хусусияти ҳар як фарди гурӯҳро алоҳида тавсиф намуда, ҳамчун оинаи ибрат аз онҳо зикр намоед. Ҳамин тавр ҳар нафар дарк мекунад, ки дар алоҳидагӣ ҳар кӯдак соҳиби сифатҳои бориз буда, дар якҷоягиву ваҳдати истеъдодҳо ҳар мушкилот ва кореро ҳал карда метавонанд.

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ

Донистани на кам аз ду забон дар оянда барои кӯдак на танҳо фурсати пайдо кардани ҷойи кори хуб, балки боиси васеъ намудани ҷаҳонбинияш мегардад. Зеро дар ин самт фурсат ва имкони беҳтар аз омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ба ин тариқ омӯхтани фарҳангу арзишҳои он қавму миллат буда наметавонад. Ҳамин тавр боварии кӯдак ба худ зиёдтар гашта, дар тӯли зиндагӣ миқёси таҷрибаҳои ҳаётияш васеътар мешаванд.

Худидоракунӣ

Бо касби малакаи худидоракунӣ кӯдак низомро омӯхта, ҳаёташро дар оянда бо кӯмаки иродаи қавияш сифати зиндагонияшро беҳтар мегардонад. Малакаи худидоракунӣ кӯдакро адаби нақшагузорӣ ва иродаи ба ҳадафи пешгузоштааш расиданро меомӯзад. Яке аз хиштҳои муҳими малакаи худидоракунӣ, ҳини калонтар шуда ба воя расидани кӯдак, танзими реҷаи рӯз, ҳафта, моҳ ва сол аст. Аз ин рӯ кӯдакро барои танзими вақти бозӣ ва вақт барои ба ҷой овардани вазифаҳои дар ӯҳдадоштаи рӯзмаррааш (кӯмак дар хоҷагии хона, иҷрои вазифаҳои дарсӣ ва ғ.) кӯмак намоед. Ҳамин тавр ӯ вақти фаровон ҳам барои бозӣ кардан, ҳам барои машғулиятҳои муфид ва ҳам барои беҳтар гардонидани пешравӣ дар раванди таълим пайдо хоҳад кард.

Дар рӯ ба рӯи мушкилот сукунатро ҳифз карда тавонистан

Яке аз малакаҳои муҳими ҳаётӣ, ки доим ӯро ёр хоҳад буд, ин дар рӯ ба рӯи шикаст ва муваффақиятҳо сукунатро ҳифз карда тавонистан ва новобаста ба ҳама чиз дар зиндагонӣ устуворона қадам задан аст. Мисол, кӯдакон дар майдонча футбол бозӣ мекунанд ва яке аз дастаҳо ғолиб мешавад. Кӯдаке аз дастаи мағлуб асабӣ шуда, гиря карданро сар мекунад. Падару модар аз ин рафтори кӯдак хиҷолат кашида, ӯро ҳамоно аз майдонча берун мекунанду ба хона мебаранд. Чунин рафтори волидайн ғалат аст. Бигзор кӯдак дар майдонча монад ва волидайн бо роҳи дуруст сабаби шикаст хӯрдани кӯдакро ба ӯ фаҳмонда диҳанд. Пас аз он ки сабаби шикаст хӯрдани кӯдак барояш маълум мегардад, ҳамроҳ бо ӯ нақшаи қадамҳои навбатиро тарҳрезӣ кунанд: тамринҳоро муассиртар кардан, бо дастаи футболбозӣ ҳамоҳангтар бозӣ кардан ва инкишофи ғайра малакаҳои лозима барои ғолиб шудан.

Ин танҳо як мисол буд. Шумо метавонед шабеҳи чунин рафтори кӯдакро ҳар рӯз мушоҳида намоед. Муҳим он аст, ки ҳангоми рух додани чунин ҳолат кӯдакро аз мушкилот нагурезонед, баракс ҳамроҳаш барои пайдои ҳал талош варзед. Чуни рафтор заминаи муваффақиятҳои ояндаи ӯро мегузорад. Ва аз ҳама муҳим, бигзор кӯдак донад, ки шумо ӯро дӯст медоред ва новобаста ба натиҷа доим ӯро дастгирӣ мекунеду барои кӯмак расонидан омодаед.

–таҳияи Садбарги Ҳаким


Заминагузории малакаҳои муҳим дар кӯдак-1
Оё кӯдаконро бо ҳам қиёс кардан дуруст аст?
Чаро кӯдакон дуздӣ мекунанд?

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s