Хамир: 200 гр орд, 100 гр равғани маска, 100 гр об, 80 гр шир, камтар намак (2 гр), 5 дона тухми калон;
Крем: 320 гр творог, 175 гр равғани маска, 90 гр хокаи шакар, 65 гр шири қиёмкардашуда (сгущ. молоко), 1 халтача шакари ваниладор, 300 гр кайҳа (ба ҷойи кайҳа қулфинай ҳам метавон истифода бурд);
Ороиш: хокаи шакар;
Зарфи пухтупаз; қоғази махсуси пухтупаз; халтачаи махсус барои шакл додани хамир; тафтдони то 220°С гарм кардашуда;
1. Барои омода кардани хамир ба дохили зарф равғани маска, об, шир ва намакро илова намуда, болои оташи паст гузоред ва то ҷӯшидан нигоҳ доред.
2. Ба махлути ҷӯшидаистода ордро илова намуда, то ҳосил шудани махлути якранг аралаш кунед. Дараҷаи оташдонро паст карда, то ҳосили хамири часпак аралаш карданро давом диҳед.
3. Хамирро ба зарфи дигар гирифта як сӯ гузоред, хунук шавад.
4. Ба хамир бо навбат яктогӣ тухм илова карда бо миксер ва ё белчае лат диҳед.
5. Хамири тайёршударо ба дохили халтачаи махсуси шаклдиҳӣ андохта, ҳалқачаҳои лозимаро болои зарфи пухтупаз, ки бо қоғаз рӯпӯш шудааст, нақш кунед.
6. Зарфи пухтупазро бо “Ҳалқачаҳо” ба дохили тафтфдон гузоред. Аввал 15 дақиқа дар дараҷаи 220°С ва баъдан 25 дақиқа дар дараҷаи 180°С пазед. Баъд аз пухтан “Ҳалқачаҳо”-ро аз тафтдон бароварда ба як сӯ гузоред, хунук шаванд.
7. Барои омода намудани крем дар як зарф равғани маскаро бо хокаи шакар ва шакари ваниладор то ранги сафеди кремӣ гирифтан лат диҳед. Ба махлут қадам ба қадам шири қиёмгирифтаро илова намуда, бо миксер бо суръати баланд лат диҳед.
8. Творогро аз элак гузаронида, ба крем илова карда омезиш диҳед.
9. Кайҳаро ба крем илова намуда ҳамаро омезиш диҳед.
10. “Ҳалқачаҳо”-ро аз байн ду тақсим намуда, бо креми омодашуда пур кунед.
11. Болои “Ҳалқачаҳо”-и тайёршударо бо хокаи шакар ороиш дода, барои 2-3 соат ба дохили яхдон гузоред.
– Ирина Чадеева, “Пироговедение”