Ивазёбиро аз нафси хеш оғоз бикун!

Дар лавҳаи сари мазори роҳиби англиканӣ, ки дар шаҳри Лондон ҷойгир аст, чунин навишта шудааст:

“Вақто ҷавону озод будам, вақто сарҳади хаёлҳоям охир надошт, орзу мекардам, ки тамоми дунёро иваз кунам. Аммо вақто пирӣ аз худ дарак дод, оқилтар шудаму, дарк кардам, ки дунё иваз намеёбад. Ман сарҳади хаёлҳоямро каме тангтар кардаму хостам танҳо кишвари худро иваз кунам. Вале дарк кардам, ки он ҳам иваз намеёбад.

Вақто пирӣ бар ман ғалаба кард, ҷаҳди вопасинамро ба миён гузошта, хостам афроди оилаамро иваз кунам. Вале ба он ҳам муваффақ нашудам. Ҳоло бошад болои болин хобида, интизори Малак-ул-мавт ҳастам. Ин дам дарк кардам, ки агар ивазкуниро аз нафси хеш оғоз мекардам, барои афроди оилаам ҳамчун оинаи ибрат боиси ивазшавии онҳо мегаштам. Дар навбати худ аз иваз ёфтани онҳо илҳом гирифта, барои беҳбудӣ ва ивазёбии кишварам талош меварзидам.

Кӣ медонад, эҳтимол, ҳамон замон фурсати иваз намудани тамоми дунё ҳам муяссарам мегашт”.

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s