5 одати хуби пагоҳирӯзӣ

Ҳар пагоҳӣ, вақто аз хоб бедор мешавем, тавсия карда мешавад, ки амалҳои зайл ба ҷой оварда шаванд. Касби чунин одати пагоҳирӯзӣ имкон медиҳад рӯзро фаъол сар карда, то бегоҳ худро “зинда” нигоҳ дорем.

1. Масҳи гӯш

%d0%b3%d1%83%d1%88

Масҳи қисми берунаи гӯш барои пас аз хоб ҳушёр шудан мусоидат мекунад. Чунин амалро ҳангоми аз хоб бедор шудан, аз рахти хоб нахеста ба ҷой оварда метавонед. Масҳи гӯш ба организм таъсири мусбат мерасонад.

2. Як истакон оби ширгарм бо лиму

%d0%bb%d0%b8%d0%bc%d1%83

Аз он ки ҳар пагоҳӣ бо меъдаи гушна қаҳва нӯшед, беҳтар мешавад, ки чунин одати манфиро бо одати фоидабахш иваз намоед. Аз ин рӯ ҳар субҳ як истакон оби ширгарм бо лиму нӯшед. Чунин нӯшокӣ фаъолияти меъдаро ба низом дароварда, аз организм токсинҳои зарароварро мебарорад. Табибон тавсия медиҳанд, ки 20-30 дақиқа қабл аз наҳорӣ кардан ҳатман чунин нӯшокиро тайёр карда, нӯшед.

3. Забонро пок нигоҳ доред

%d0%b7%d0%b0%d0%b1%d0%be%d0%bd

Бешубҳа ҳама аллакай аз хурдсолияш медонад, ки дар давоми рӯз дандонҳоро бояд на кам аз ду маротиба тоза кард. Вале набояд аз хотир баровард, ки ҳифзи саломатии даҳон танҳо аз пок нигоҳ доштани дандонҳо иборат нест. Дар болои забон ҳам микробҳои зиёде ҷамъ мешаванд, ки боиси бемории ковоки даҳон, санг бастани дандонҳо ва як қатор бемориҳои меъда мегарданд. Аз ин рӯ ба покии забон ҳам бояд боэътино рафтор намуд. Барои пок нигоҳ доштани забон кофӣ аст, ки аз лифи дандоншӯӣ (дандоншӯяк) истифода баред.

4. Як қошуқча асал тановул кунед

%d1%81%d0%b0%d0%bb

Ҳар пагоҳӣ тановули як қошуқча асал организмро қувват мебахшад, фаъолияти ҳофизаро тақвия медиҳад, сулфаро табобат карда, таъсири ҳассосиро (аллергия) коҳиш медиҳад. Яқ қошуқча асалро 10-15 дақиқа қабл аз наҳорӣ кардан тановул намоед. Агар тановули асал бароятон душвор бошад, метавонед онро дар як истакон бо об ҳал карда нӯшед.

5. Даҳонро бо гидрогени пероксид мазмаза кунед

%d0%b4%d0%b0%d0%bd%d0%b4

Ҳар пагоҳӣ баъд аз тановули наҳорӣ даҳонатонро бо гидрогени пероксид (перекись водорода) мазмаза кунед. Агар меъёри лозимаро риоя кунед, чунин одат боиси он мегардад, ки дандонҳоятон боз ҳам сафедтар мешаванд, даҳон аз бӯйи бад раҳо ёфта, комҳои дандон табобат меёбанд. Танҳо кофӣ аст, ки ба 50 мл об 5-7 чакра гидрогени пероксиди 3% илова намуда, даҳонро мазмаза кунед.

Саломат бошед!


Занҷабил шифобахш аст
АНОР
Агар тамоми рӯз танҳо об нӯшед

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s