Орзуе дорам!

28-уми августи соли 1963 дар майдони Ёдгории Линколн, шаҳри Вашингтон роҳиб ва яке аз асосгузорони ҷомеаи демократии Амрикои муосир Мартин Лютер Кинг дар назди даҳҳо ҳазор шаҳрвандон баромад карда, дар бораи орзуяш ҳикоят кард. Он хитоб дар таърих бо номи “I have a dream!” (Ман орзуе дорам!) машҳур мегардад. Орзуест, ки ҳоло асоси баробарҳуқуқӣ ва озодиро дар ИМА ташкил медиҳад. Орзуест, ки тавонист миллатро, новобаста ба ранги пӯст дар умум муттаҳид кунад. Ба ин монанд орзуи Гандӣ тавонист халқи ҳиндуро аз султаи англисҳо наҷот диҳад. Мисоли чунин ашхоси нодир ва муътабарро дар саҳифаҳои таърих мушоҳида кардан мумкин аст. Орзуи чунин мардон бинобар ҳадафҳои моддӣ асос наёфта буд. Онҳо аз пайи ҳадафҳои олитаре буданд, ки замоне шарораи умедро ба оташи ҳастӣ табдил дод.

%d0%b4%d1%80%d0%b5%d0%b0%d0%bc

Орзу як навъ қувваи савқкунандаест, ки инсонро доим “зинда” нигоҳ медорад. Ҳамин тавр қадри инсон бинобар орзуяш муайян мегардад. Шикорчие, ки ҳадафи шикораш мурғобӣ аст, ҳеҷ гоҳ аз нигоҳи баҳову қимат ба шикорчие, ки ҳадафаш шикори шер аст, баробар буда наметавонад. Ҳадаф ва орзуҳои одамӣ бинобар арзишҳои маънавии дар худ тарбиятдода шакл меёбанд. То чанд арзишҳо атрофи инсонпарварӣ, риояи ҳаққи халқ ва Ҳақ(қ), шуури хизмат ба мардум ва хизмат ба ватан парвариш меёбанд, ҳамон андоза шахсияти инсон ба авҷи камолот комёб мегардад. Новобаста ба он, ки чунин фард дар ҷомеа чӣ мақомеро соҳиб аст, аз пайи ҳадафҳои хурду рӯзмарра ҳаёт гузаронидан сазовори инсон нест. Зеро чунин орзуҳо шахсро ба ҷое намерасонанд. Баракс то чанде орзуву ҳадафҳо болои арзишҳои моддӣ ва масоили рӯзмарраи гузаро бино ёбанд, ҳамон дараҷа инсонро рӯҳафтодатар ва дар ҳолати инқибоз қарор медиҳанд. Дуруст аст, ки дар ҳар марҳилаи ҳаёти инсон ҳадаф ва озруҳо метавонанад тағйир ёбанд ва бинобар аҳамиятнокияш аввалиндараҷаву дуюмдараҷа арз гарданд. Аммо муҳим ин аст, ки инсон доим бояд аз пайи ҳадафҳое бошад, ки дар оянда ӯро ҳамчун фарди ҷомеа барои такомул роҳбар бошанд. Аз ин рӯ лозим меояд, то ки афзалиятнокии орзуву ҳадафҳо тартиб дода шаванд.

Пешрафти ҷомеа ва миллатро орзу ва ҳадафҳои он муайян мекунанд. Ва бояд қайд кард, ки агар ҳадаф ва орзуҳои фардӣ танҳо як нафарро таъсиргузор бошанд, ҳадаф ва орзуҳои миллӣ тақдири миллатро муайян мекунанд. Дар ин ҷода шаҳрвандон ҳамчун мушаввиқ ва муҳаррикони иродаи миллӣ бояд ба сарони хеш барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ кӯмак расонанд. Диди созандаи миллӣ дар нақшасозии соҳаи маориф, илм, иқтисод, маърифатнокии динӣ ва соҳаи амният яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷа барои бақои ҳар як миллату давлат маҳсуб меёбанд.

Соли 212 пеш аз мелод Марселло сарлашкари императории Рум баъд аз набардҳои тӯлонӣ шаҳри Сиракузро запт мекунад. Бо амри Марселло яке аз аскарон барои асир гирфта ба назди сарлашкар овардани олим ва риёзидони машҳур Архимед фиристода мешавад. Вақто аскар ба назди Архимед меояд, олим саргарми ҳалли як масъалаи барояш муҳим буд (таърих собит сохт, ки ҳар масъалаи барои Архимед муҳим, ҳамон андоза барои кулли башарият ҳам муҳим гаштааст) ва ба фармони аскар эътиборе намедиҳад. Аскар ба ғазаб омада, Архимедро дар ҳуҷраи корияш ба қатл мерасонад.

archimed.jpg

Баъд аз ҳазорсолаҳо ҳам касе аз бузургӣ ва хизматҳои Архимед дар роҳи беҳбудии инсоният шубҳа надорад. Ва дар саҳифаҳои таърих ёдбуди ӯро ҳадаф, машғала ва озруҳояш муайян кардаанд. Илова ба ин, ҳарчанд Сиракуз ба сони ҳазорҳо шаҳру ноҳияҳои диагри таърихӣ дар рӯи олам арзи вуҷуд кардаанд, вале маҳз фаъолият ва иродаи шаҳрвандон, ҳадаф ва орзуҳои сарварону олимони он номашро абадӣ гардонидаанд.

– Навиди Иқбол


Ҳайкалтарош

Калиди мушкилкушо – фарҳанг!

Шахси муваффақ соҳиби одатҳои муваффақ аст!

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s