Бо оғози фасли сармо бемориҳои мавсимӣ низ хуруҷ мекунанд. Зуком аз маъмултарини онҳост. Табибон барои пешгирии он доруву дармонҳои гуногун тавсия мекунанд. Дар баробари он маводу ғизоҳои табиие мавҷуданд, ки натанҳо зуком, балки дигар мушкилиҳои марбут ба саломатиро бартараф мекунанд. Яке аз чораҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ин истеъмоли нӯшобаи иборат аз об, асал ва лиму аст.
Тарзи омода кардани нӯшоба бисёр сода ва камзаҳмат аст. Дар як истакон пораи лимонро афшурда ба он як қошуқча асал илова кунед ва бо оби гарм омехта карда гузоред, ки хунук шавад. Ҳар пагоҳӣ пеш аз наҳорӣ кардан онро бинӯшед.
Мунтазам нўшидани ин нӯшоба шуморо аз бемориҳои роҳи пешоб ҳифз мекунад. Асалу лиму фаъолияти низоми ҳозимаро таҳрик намуда, рӯдаи ғафсро мулоим мекунад, ки ин зидди қабзият ва илтиҳоби пешобдон давои хуб аст. Ҳар як чузъи ин нӯшоба барои саломатии шумо фоидабахш хоҳад буд. Масалан, лиму фаъолияти талха ва ҷигар ёрӣ расонида, ки боиси ҳазм кардани ғизо мегардад. Асал хосияти хуби зиддибактериявӣ дорад ва муқобили ҳар гуна бемориҳои сироятӣ шуморо ҳифз мекунад. Ҳамчунин асал оби меъдаро зиёд мекунад, ки ин имкон медиҳад заҳрҳо аз бадан берун шаванд.
Ҳамчунин лиму барои пўсти шумо фоидабахш буда, хунро тоза мекунад. Об тавлиди моддаи коллагенро зиёд мекунад. Моддаи коллаген барои сиҳатии пӯст фоидабахш аст.
–таҳияи Достиев Неъмат
One Comment Add yours