Олами рӯҳии судхӯрон

Китоб: “Марги судхӯр”

Муаллиф: Садриддин Айнӣ

Нашриёт: “Маориф”, соли 2015

Теъдоди саҳифа: 208 

Забони китоб: тоҷикӣ


Садриддин Айнӣ дар «Марги судхӯр» дар тасвири олами рӯҳии судхӯрон ба комёбиҳои калон ноил гаштааст. 

–Иржи Бечка

Нобиғаи адабиёт, устоди ҳамаи нависандагони даврони навини адабиёти тоҷик Садриддин Айнӣ асарҳое таълиф кардааст, ки, бешубҳа, меъёри умумии забон ва адабиёти тоҷик гардидаанд. Яке аз он асарҳои ӯ «Марги судхӯр» мебошад, ки ба пояи асарҳои ҳаҷвнависони адабиёти ҷаҳон – Шекспир, Балзак, Гогол, Шедрин, Ҳидоят баробар аст.

Устод Айнӣ дар образи Қориисмат сифатҳои тамоми судхӯрони Аморати Бухороро номбар карда, бо ин васила то кадом андоза пасту разил будани мардуми судхӯрро нишон додааст. Асар на танҳо ҳаҷвӣ-бадеӣ буда, аҳамияти таърихӣ ва этникӣ ҳам дорад, зеро дар он тарзи зиндагии мардуми Осиёи Миёна, сатҳи дониши диниву дунявии мансабдорон, хурофотпарастии ҷомеа ва аз ин вазъият суиистифода бурдани қозикалонону арбобон низ тасвир ёфтааст.

Китоб ба доираи васеи хонандагон, аз ҷумла ба касоне, ки бо навиштан сару кор доранд, тавсия мешавад.

– Исмати Нек


Инферно

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s