Ҳазар аз одамони «заҳролуд»!

Вақте стресс идоранашаванда аст, ҳам майнаи сар ва ҳам маҳорати баланд ё фаъолияти самараноки шумо ранҷ мебаранд.

Дар ин ҷаҳони пурталотум ҳар фард пеши худ ҳадафе гузошта, пайи амалӣ кардани он мебошад. Дар роҳи расидан ба ҳадафҳо мо бо одамони гуногун муносибату додугирифт мекунем. Аз муносибат бо онҳо рӯҳбаланд гардида нерӯи тоза мегирем. Вале боз одамоне ҳастанд, ки доираи суҳбати онҳо касро аз оянда ноумед карда, табъи худ ва дигаронро хира месозанд.

Ин тоифаи одамон доимо меноланд ва аз ҳама чиз норозиянд. Онҳо метавонанд ҳам чун қурбонии абадӣ ва ҳам таҷовузгар рафтор кунанд, аммо дар ҳар ду ҳолат бо нигоҳи ноумедонаи хеш дунёи шуморо заҳролуд мекунанд.

Дар илми равоншиносӣ онҳоро одамони «заҳролуд» мегӯянд. Одамони «заҳролуд» ҳамавақт ва ҳамаҷо буданд ва ҳар яки мо ҳадди ақал як ё дутои онҳоро мешиносем. Одами «заҳролуд» метавонад ҳамкори шумо бошад, ки якбора аз вазъи ҳаво, дарди сар, маош, тарзи чойнӯшӣ ва рафтори дигарон шикоят карда, табъи ҳамгонро хира созад.

Шояд шумо рафиқе дошта бошед, ки ҳангоми вохӯрӣ ҳама шикастҳои шахсии худро нақл карда, аз шумо ҳамдардӣ мехоҳад. Ин навъи одамон ба гуруҳи одамони «заҳролуд» шомиланд ва он чӣ онҳоро муттаҳид мекунад ин аст, ки баъди гуфтугӯ бо ин тоифа ноумедӣ, озурдагӣ ва изтироб шуморо фаро мегирад. Чӣ хеле дар ҳаёт аз моддаҳои заҳролуд мо ҳазар мекунем, бо чунин одамон низ бояд масофаро нигоҳ дорем.

«Чӣ гуна бо одамони «заҳролуд» мубориза бурд?» Ин савол миёни коршиносони «LinkedIn Influencers» зиёд мавриди баҳс қарор гирифт ва ба натиҷае расиданд, ки чунин одамон ҳам ба саломaтӣ ва ҳам ба муваффақияти кории атрофиён зарар мерасонанд.

Дар мавриди безараргардонии онҳо Трэвис Брэдберрӣ, роҳбари ширкати «TalentSmart» аз ҷумла гуфтааст: «Одамони «заҳролуд» таҳрикгари низоъ ва бадтар аз ин, эҷодкунандаи ҳолати стрессӣ ҳастанд. Стресс барои муваффақияти шумо хатари азимро ба миён меорад. Вақте стресс идоранашаванда аст, ҳам майнаи сар ва ҳам маҳорати баланд ё фаъолияти самараноки шумо ранҷ мебаранд».

Натиҷаи тадқиқоти ширкати Брэдберрӣ нишон додааст, ки 90 фоизи кормандони муваффақ дар ҳолатҳои стрессӣ эҳсосоти худро идора карда, оромиро ҳифз мекунанд. Онҳо дорои қобилияти беназири безараргардонии одамони «заҳролуд» мебошанд. «Кормандони беҳтарин стратегияҳои хуби тарҳрезишуда доранд, ки имконият медиҳад одамони «заҳролуд»-ро дар масофаи муайян нигоҳ доранд»,- илова кардааст Т. Брэдберрӣ.

Марша Петри Сйю, муаллифи китоби «Токсичные люди. Самооборона без оружия» ҷиҳати безараргардонии одамони «заҳролуд» якчанд тавсияҳо пешниҳод мекунад. Агарчи тавсияҳо бештар ба муҳити корӣ равона шудааст, вале метавонад дар ҳар ҳолат шуморо кӯмакрасон бошад:

– ором ва ботамкин бошед;

– хушмуомила бошед;

– ба худ бовар дошта бошед (нобоварӣ ба одамони «заҳролуд» монанди матои сурх ба буққа таъсир мерасонад);

– ҷиҳатҳои таъсиргузории қавии одамони заҳролудро омӯзед;

– тарзи амал ва қоидаҳои лозима тартиб диҳед;

– барои бисёр гуфтугӯ накардан, ҳамеша дар мавзӯи мушаххас гап занед;

– ҳар чизе ки муҳим аст, сабт кунед.

Дар муносибат бо инсонҳои заҳролуд пеши худ ду мақсад гузоред: ба ҷо овардани корҳои лозима ва ҳифзи осудахотирӣ.

Барои ҳамин, ҳар чизе ки мегӯянд, набояд ба дил наздик гирифт ва аз ҳама муҳимаш, набояд бинобар сухани онҳо худро баҳо дод. Барои тағйир додани онҳо сайъ накунед, зеро ин сарфи беҳудаи вақт ва нерӯи шумо аст. Ягона одамеро, ки метавонед тағйир диҳед ин худи шумо ҳастед.

– Достиев Неъмат


4 қоидаи лидери муваффақ
Ҳаёти созанда аз нақшаи рӯз оғоз меёбад
Роҳбалади нафарони қавиирода

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s