Хамир: 180 гр. орд, 2 дона зардии тухм, 140 гр. шакар, 50 гр. равғани маска, 125 мл. шир, 4 гр. нармкунанки хамир, камтар намак;
Ороиш: 4 дона себ;
Зарфи гирдшакли пухтупаз; қоғази махсус барои пухтупаз; тафтдонро то 180°C дараҷа гарм кунед.
1. Барои омода кардани хамир 2 д она зардии тухмро бо шакар (3 қошуқ шакарро гирифта монед) то ҳал шудани шакару сафед гаштани махлут лат медиҳем.
2. Равғани маскаро об карда, як қисмашро ба махлути тайёршуда илова мекунем. Баъдан шир илова намуда, аралаш кунед.
3. Ба махлут камтар намак, орд ва нармкунаки ордро илова намоеду то якранг гаштанаш омезиш диҳед.
4. Зарфи пухтупазро бо қоғази махсуси пухтупаз пӯшонида, хамири тайёршударо ба дарунаш резед.
5. Барои ороиш пӯсти себро тоза карда, қалам-қалам рза кунед ва болои хамирро ороиш диҳед.
6. Як қисми боқимондаи равғани маскаро (25 гр.), ки об карда будед, аз болои хамири бо себ оро додашуда резед.
7. Дар тафтдони то 180°C дараҷа гармшуда бо муддати 30-35 дақиқа пазед.
Бо иштиҳои том!
One Comment Add yours