Рӯйхати хониши адабиёти бачагонаро аз назар гузаронем

Ребекка Макгретт омӯзгори яке аз мактабҳо дар Амрико ба адабиёт, хусусан романҳои классикӣ чандон шавқ надоштани хонандаҳоро мушоҳида карда, қарор додааст, ки рӯйхати китобҳои тавсиявиро тағйир диҳад. Бо ин тарз омӯзгор ба натиҷаи ғайричашмдошт ноил гашт. Макгретт дар дарс барои хондан ба бачаҳо китобҳоеро пешкаш намудааст, ки ба андешаи вай, ба мушкилиҳои рӯзмарраи ҷавонони имрӯза беҳтар хитоб кардаанд. Баъди ба роҳ мондани ин шеваи нав муаллима тамоман беҳтар шудани қобилияти хондану навиштани шогирдонашро мушоҳида кардааст.

Ребекка Макгретт дар синфхонаи пур аз хонандагони 16-сола, ки савияи хондану навишташон дар сатҳи паст будааст, нахуст мутолиаро аз китоби нависандаи муосири амрикоӣ Алекси Шерман “The Absolutely True Diary of a Part-Time Indian” оғоз кардааст. Романи мазкур ба қавле романи ҷавонист, ки ба ҷоизаҳои зиёде ноил гашт. Муаллифи он як ҳаҷвнигор буда, қаҳрамони асар рассоми суратҳои ҳаҷвӣ ё карикатурист аст. Китоб расму тасвирҳои зиёде ҳам дорад.

Ҳамин тавр омӯзгор Ребекка Макгретт руйхатеро иборат аз китобҳое, ки муҳтавояшон ба ҷавонон дахл доранд ва ё масоили ҷавононро баррасӣ кардаанд, тартиб дода, аз шогирдонаш талаб кардааст, ки бо навбат китобҳоро бихонанд. Вай мегӯяд, баъд аз истифодаи ин усул таваҷҷӯҳи бачаҳо ба дарсҳо беҳтар гашта, давомнокии иштирокашон боло рафт. Инчунин хонандагон дар дарсҳо китобҳои хондаашонро муҳокима карда, вобаста ба ҳалли проблемаҳояшон бештар суҳбатҳо мегузаронанд.

Миёни мавзӯҳои китобҳо масоили мубраме чун аз ҷониби ҳамсинф ё ҳамсолонашон ҳақир шумурдани наврасон, нажодпарастӣ, ноадолатӣ ва ё истифодаи машруботи мухаддир, ки ҳамарӯза хонандагон рӯ ба рӯ мешаванд, мавҷуданд.

Ин усул он қадар зуд самар додааст, ки охири ҳафтаи аввал ҳатто бачаҳои аз ҳама сустхони синф ҳам барои дастрас кардани китоб ба назди муаллимаашон омадаанд. Ребекка Макгретт, ки таҷрибаи нодири худро ба сомонаи TES.com изҳор доштааст, зикр мекунад, ки хонандагон барои бештар маълумот ёфтан оид ба мавзӯҳои мавриди муҳокимаашон ба мутолиаи иловагӣ ҳам таваҷҷӯҳ кардаанд.

Таҷриба ё усули нави Ребекка Макгретт дар ҳоле роҳандозӣ мешавад, ки бахшҳои зиёди соҳаи маориф дар бештари кишварҳо бозбинӣ мехоҳад. Алалхусус, дар кишвари мо низ агар дар тавсияи адабиёт ё китобҳо барои хониши мустақилона ба хонандагон ҳамин нозукӣ ба инобат гирифта шавад, гумони ғолиб аз натиҷа холӣ нахоҳад буд. Яъне ҳоло зарур аст ба насли наврас ва ҷавонон адабиётеро барои хондан тавсия диҳем, ки ба масоили ҳамарӯза дар ҳаёт рӯ ба рӯ мешудааш ва саволҳои зиёде, ки зеҳнашро машғул дорад, ҷавоб ёфта тавонад. Хоса дар ҳамин шабу рӯз, ки айёми таътили зимистона фаро мерасад, агар омӯзгорон рӯйхати китобҳои тавсиявиро барои хониши хонандагон аз назар гузаронда, адабиёти нисбатан навтар ҷой диҳанд, умед ҳаст, ки натиҷаи хуберо ноил гарданд.

– Башир Усмон


Шарҳи мухтасари вазъи ҷомеаи тоҷикистонӣ
Ивазёбиро аз нафси хеш оғоз бикун!
Бори гарони азхудкунии маълумот

6 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s