Нидои модар

Салом ҷони модар, сарсабзиву ширинии ҳаёти модар. Дидори рухи гулгуну нурборат зиёву равшании дидаву дилам асту ҳузуру бӯйи ҳастият ҳаловати ҷонам. Салом, мояи фараҳам, умри бепоёнам, фарзандам! Чӣ хушбахтам, ки Холиқи кариму раҳим имкони «Фарзандам!» гуфтанро бар мани бандаи ҳақир арзонӣ доштааст. Ин неъматест бепоён, ин неъматест фаровон аз муҳаббату саховати Ӯ (ҷ.ҷ.). Шукру сипосашро барои ато фармудани чун ту азизе чӣ гун ба ҷо оварам? Намедонам, аммо хеле хоҳони онам.

Ту кайҳо бузург шудаӣ, дар пайраҳаи тақдири хеш мустақилонаву устуворона қадам мегузорӣ, хонаву дунёи кӯчаки як фарди дигарро бузургу ободу саодатманд мегардонӣ, чашм напӯшида, ки худ лаззати ҷигарбанд доштанро эҳсос мекунӣ, аммо барои ман, эй ширинии ҳастиям, ҳамоно тифлаки шӯху бебоку нафису маъсум сари дастонам боқӣ мемонӣ. Оҳ, агар медонистӣ, ки чӣ тавр, чӣ андоза ошиқу алоқаманди туям, кош эҳсосоти маро, ишқу шӯру гудозу шарори дилбастагиямро нисбатат бо торҳои ҷонат дарк мекардӣ. Он гаҳ таъми лаззати фарзанд доштанро мечашидиву хастагиҳову дилгириҳоямро бо гӯши ҷонат мешунидӣ.

Бале азизам, ҳамон хастагиҳову дилгириҳоямро бо гӯши ҷонат мешунидӣ! Дарде дорам дар сина, ки дарди модарӣ ном дорад. На, намехоҳам, ки ин хастагиву дилгириҳои маро ту бо ҷонат бичашӣ, он хеле ҷонгудоз аст. Танҳо мехоҳам бишнавӣ ва бубинӣ ва шояд ба нидоям бирасӣ: «Маро ба гӯшаи фаромӯшӣ партофтанат аз чӣ бошад, эй он ки ҳама шабҳову тирашабҳо хоби роҳатро фаромӯш сохта сари гаҳвораат шамъҳоро нобуд мекардам? Буғзу ғуруру такаббурат аз чӣ бошад, эй он ки рӯзе ҳатто сухане бар забон оварда наметавонистӣ, кунун бошад, бо ‘донишу фарҳангу заковатат’ маро пеши худ ҳақир мебинӣ? Беэътиноиву бонг заданҳоят бар сарам аз чӣ бошад, эй он ки таҳаммули камтарин дардатро надоштаму тобу тоқати гиряҳои кӯдакият сӯроху сӯрохтарам мекард? Чаро рӯи хушу сухану гуфтору муносибати зеботаринро бар ҳар як бегонаву ошноят арзон мефурӯшиву як табассуму чеҳраи кушодаатро аз мани интизор дареғ медорӣ? Чаро? Гуноҳи ман дар чист? Дар модар буданам? Дар дӯстат доштанам? Дар он, ки омодаам тамоми ҳастиямро бароят нисор кунам? Дар кина ба дил нагирифтанам? Дар сабру таҳаммул карданам? Дар интизориҳоям? Дар чӣ?»

Ёд дорӣ, рӯзҳоеро, ки як сухани ҳакимонае мешунидӣ, дарҳол бо суроғи маънии он наздам ҳалқаи суолот мекушодӣ, посухҳоямро бо тамоми майлу рағбат мешунидиву ихлос мекардӣ. Кунун чаро дар ҳар як суханам эрод мегириву яке аз занҳои лаби обам ном мебарӣ?! Ёд дорӣ, шабҳои дароз бо ҳам филмҳои шавқовару фикрангез медидему дар ҳар лаҳзаи ҷолибаш назари маро бо шавқ фаҳмиданӣ мешудӣ. Кунун чаро андешаҳоямро зуд – зуд содаву беарзиш меҳисобиву қобили қабул як сӯ, ҳатто таҳаммули шуниданро лоиқ намедонӣ?! Ёд дорӣ, ҳар боре ки либоси зебо бар тан карданӣ мешудӣ, ҳатман интизори маслиҳатҳоям будиву назарам қонеат месохт. Кунун чаро аз содагии андомам назди меҳмонону ҳамсафонат сурху кабуд мегардӣ?! Ёд дорӣ, ҳангоми тифлият дуруст роҳ рафта наметавонистӣ, бо майли том интизор мешудам, то бо пойи худат роҳро тай намоӣ ва парвои вақту тангии он намекардам? Кунун чаро якчанд қадами оҳиставу нотавонии зонуҳоям зуд торҳои асабатро мехарошанд?!

Агарчи модаратам ва подоши ризоияти модарон бо ҳавои ҷаннат ва саодати ду дунё баробар аст, чаро ҳама он тафовутҳои синнусолиамонро чун нуқсону бесарусомонии модари «пир»-ат меҳисобӣ? Ҳамоно, агар ин тафовутҳо айб маҳсуб шаванд, боз ҳам нашунидаӣ, ки рӯзгордидагон чӣ мегӯянд?    

Ҳар неку баде, ки фитратат напсандад,

Шарме куну айб пӯш, беайб Худост.

Ҳамоно умр барои бандагони чун туву мани нохалаф, ки ман ҳамчун модар тобу тоқати ҷавониву ҷунунии фарзанди хешро надораму шикоятҳо бар забон мегирам, ҳарчанд медонам, ки Худованд инсонҳоро бо се роҳ: ё ба сарват, ё ба фақр, ё бо фарзанд имтиҳон мекунад ва ту ҳамчун фарзанд ҳатто пайхас намекунӣ, ки дар беҳтарин айёми зиндагиву ҷавоният вақти хешро бо ғафлату бегонагӣ сипарӣ кардан боиси чӣ қадар аз дастдоданҳост, умр бевафост. Бовар кун, инро мане, ки худ ҷавонӣ гум кардаам, хуб медонам. Аммо ту низ медонӣ, ки як соати ибодат дар ҷавониро Расули Худо (с.а.в.) баробар ба ҳафтод соли ибодат ҳангоми пирӣ гуфтааст ва мафҳуми ибодатро танҳо ба як намоз гузоштан маҳдуд кардан нашояд, ки ҳар як амали хайр ва ҳатто нияти нек худ ибодат маҳсуб мешавад.

Ҷонони модар, волидон назди Офаридгор барои фарзанд мустаҷобуддуоянд, шукр! Дуо мекунам, ки боре ҳам дарду ранҷи фарзандро набинӣ ва зудтар бедор шавию ин дастони нигарони маро сӯи оғӯши деринтизорат бикашӣ. Ҷони модар, маро аз худ ҷудо макун, чун ман ҳеҷ гоҳ аз ту ҷудо намешавам.

–Нилуфари Ҳайдаршоҳ


Нидои тифли гаҳвора

Advertisements

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s