Раҳмат ба Гарвард!

Ҷуфти пиронсол бо либосҳои жанда, аммо тоза аз қатораи ба Бостон омада фаромаданд. Маълум буд, ки деҳотианд. Хиҷолатомез ба қабулгоҳи ректор даромаданд. Котиба ҳамоно аз ҷой ҷаҳида, садди роҳи онҳо шуд. Охир чӣ тавр мешудааст, ки ду деҳотии жандапӯш бо ин аҳвол ба ректори донишгоҳи маъруфи Гарвард коре дошта бошанд?

Марди пиронсол бо лаҳни нозук гуфт, ки бо ректор вохӯрдан мехоҳад. Аммо ин кор ғайриимкон аст. Ҷаноби ректор имрӯз барои чунинҳо ҳатто сонияи фориғ ҳам надошт. Зани пиронсол хиҷолатмандона ба духтар гуфт:

– Интизор мешавем.

Ва онҳо мунтазир шуданд. “Ҳарчӣ бошад, каме интизор шуда мераванд”, гумон кард котиба ва ҳеҷ чиз нагуфта, ба ҷояш рафта нишаст. Соатҳо мегузаштанд, аммо ин ҷуфти пир майли рафтан надоштанд. Тоқати котиба тоқ шуду ниҳоят ба назди ректор даромада гуфт, ки ақаллан якчанд дақиқа бо ин деҳотиҳо сӯҳбат кунад, вагарна онҳо аз ин ҷо намераванд. Ночор:

– Маҷбур қабул мекунем,-гуфт ректор.

Ректори ҷавон бо дили нохоҳам дари утоқашро ба онҳо кушод. Дилаш аз деҳотиҳо мешӯрид. Аз дидори ин ду пиронсоли жандапӯш ҳамоно ҳам нафраташ зиёд шуд. “Ин чӣ ҷасоратест, ки пиру кампир бо ин ҳол ба утоқи ман медароянд”, худ ба худ мегуфт ректор. Асабӣ шуда ба онҳо менигарист.

Зани пиронсол суханро сар кард. Як сол қабл писарашон, ки дар ҳамин донишгоҳ таълим гирифта буд, дар садама фавтидааст. Пиронсолон мехостанд барои фарзандашон, ки ин даргоҳи илмро бисёр дӯст медошт, дар ҳавлии донишгоҳи Гарвард ягон ёдбуде созанд. Ректор аз ин суханон ба ғазаб омада, дағалона ҷавоб дод:

– Хонум, агар барои ҳар хатмкунандаи фавтидаи ин даргоҳ яктогӣ ҳайкал монем, ҳавлии Гарвард ба мазор табдил меёбад.

– На, на! Ҳайкал не, балки ягон бино иловагӣ барои донишгоҳ созем,-гуфт зан.

Ректор мағрурона ба либосҳои ҷуфт назар карда:

– Бино?, -гуфта пурсид. Сипас бо ҳамон лаҳни дағалаш илова кард:

– Оё шумо медонед, ки сохтани як бино чӣ қадар маблағ талаб мекунад? Танҳо масрафи як корпусе, ки мо рӯзҳои гузашта сохтмонашро ба анҷом расонидем, аз 7,5 миллион доллар бештар шуд.

Бо ин сухан ректор гумон мекард, ки акнун вақти қабул ба охир расидаву замони халосӣ аз ин ду деҳотии мискин ҳам омадааст.

Зани пиронсол баъд аз суханони ректор ба ҳамсараш нигариста пурсид:

– Агар маблағи лозима барои сохтмони бинои донишгоҳ ҳамин қадар бошад, пас чаро донишгоҳи худамонро намесозем?

Ректор аз ин суханон дар ҳайрат монд. Марди пиронсол сухани ҳамсарашро бо ишораи сар тасдиқ кард. Ҷаноб ва хонуми Леланд Стенфорд аз донишгоҳ берун шуданд. Ба Калифорнияи шарқӣ рафта, дар Пало Алто он ёдгориеро, ки донишгоҳи Гарвард бо чашми кам дид, барои фарзандашон бино карданд. Ҳамин тавр яке аз беҳтарин донишгоҳҳои рӯйи дунё – Донишгоҳи Стенфорд арзи вуҷуд кард.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s