Равшанфикрии кӯдак аз модар аст

“Падараш барин соҳибмаърифат” гуфтан, эҳтимол, акнун далел мехоҳад. Зеро тибқи маълумоти муҳаққиқон, равшанфикр ва бомаърифат шудани кӯдакро генҳои модар муайян мекунанд. Бинобар таҳқиқоти солҳои охир генҳои аз маърифат ва заковати инсон муваззаф маҳз аз модар ба фарзанд мегузаранд.

Коршиносон иброз медоранд, ки генҳои мазкур дар хромосомаи Х ҷойгиранд. Чӣ тавр ба ҳамагон маълум аст, мард танҳо як хромасомаи Х (XY) дораду зан бошад соҳиби ду хромасомаи Х (XX) аст. Илова ба ин муҳаққиқон маълум карданд, баъзе аз генҳои когнитивӣ, ки аз падар ба кӯдак мегузаранд, ғайрифаъол мемонанд. Вале генҳои шартӣ, ки аз модар ба кӯдак мегузаранд доим фаъол монда, заминаи равшанфикрӣ ва бомаърифат шудани кӯдакро ташкил медиҳанд.

Озмоишҳои лаборатории аз болои мушҳо гузаронидашуда муайян сохтанд, ки дар мушҳои дорои генҳои зиёди занона майнаи сар ва худи косахонаи мағз калон буда, ҷисмашон хурдтар аст. Дар мушҳое, ки генҳои зиёди мардона доштанд, майна ва косахонаи сарашон нисбат ба ҷисмашон хурдтар буд. Ҳамчунин муҳаққиқон дар шаш қисми майнаи сари мушҳои ҳар ду гурӯҳ ҳуҷайраҳоеро кашф карданд, ки фаъолиятҳои когнитивиро аз малакаи хӯрдан то ҳофиза идора мекунанд.

Олимон қайд мекунанд, ки генҳои мардона (падарӣ), ки дар қисми низоми лимбии мағзи сар ҷамъ шудаанд, мушҳоро бештар ба хӯрокхӯрӣ, алоқаи ҷинсӣ кардан ва изҳори зӯроварӣ водор мекард. Вале олимон ҳеҷ як нишонаи гени падариро дар он қисми майнаи сар, ки аз заковат, фикрронӣ, гуфтор ва ғайра малакоҳи зеҳнӣ ӯҳдадоранд, пайдо накрданд.

Ҳарчанд озмоишҳои мазкур бо мушҳои лабораторӣ гузаронида шудаанд ва қисме аз олимон мутмаинанд, ки дар мисоли худи инсон ин нишондодҳо тафовут хоҳад дошт, вале таҳқиқоти соли 1994, ки то имрӯз давом дода буд, қисме аз натиҷаҳои лабораториро тасдиқ мекунанд. Ҳамин тавр аз соли 1994 бо 12 686 нафар аз синни 14-сола то 22-сола машваратҳо гузаронида шуд. Новобаста ба мансубияти этникӣ-нажодӣ, вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, муҳаққиқон муайян карданд, ки сатҳи малаки зеҳнии (IQ) занону модарон нисбатан баландтар аст.

Бояд қайд кард, ки дар тарбия ва рушди шахсии фарзанд танҳо гени модар нақш намебозад. Илова ба ин муҳит ва имкони ба даст овардани таълиму тарбияи босифат барои фарзанд боиси такмил ёфтани ӯ мегарданд. Вале ин маънои онро надорад, ки нақши зан-модар дар тарбияи иснони комили ҷомеа дуюмдараҷа аст. Аз ин рӯ занонро лозим меояд, ки барои тарбияи насли баъдӣ сараввал аз имрӯз заминаи инкишоф ва рушди малакаҳои зеҳнии хешро гузоранд. Падарон ҳам ноумед нашаванд, зеро муҳаё кардани шароити солим барои рушди комили кӯдаку модар бе онҳо имкон надорад.

Манбаъ: Children inherit their intelligence from their mother

– таҳияи Махсумова Манижа


Баъд аз 3-солагӣ аллакай дер мешавад!

Заминагузории малакаҳои муҳим дар кӯдак-1

Модари коргар ва тарбияи фарзанд-1

5 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s